Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТӮҚСАНКОРЕЗ

ТӮҚСАНКОРЕЗ, иншооти қадими обёрӣ дар Суғд. Аз 90 корез (чоҳ) иборат буд. Тӯқсакорез дар зери замин ба ҳамдигар пайваст шуда, канали зеризаминиро монанд буд; аз деҳаи Чорбоғ сар шуда, ба воситаи корезҳо мегузашт ва дар қисми шимолии дашти Марамар ба рӯи замин баромада то Панҷакент ҷорӣ мешуд. Тӯли иншоот қариб …

Муфассал »

ТӮҚСАБО

ТӮҚСАБО, сардори қисми махсуси ҳарбиёни хонро гӯянд. Ҳамчун унвони ҳарбӣ дар хониҳои Осиёи Миёна маъмул буд. Дар асри 19 он ба сардори умумии қисми ҳарбӣ табдил ёфт. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Тӯқсабо дар силсилаи мансабҳои ҳарбии аморати Бухоро, ки аз 15-то иборат буд, дар ҷои ҳафтум …

Муфассал »

ТӮҒАЙ

tugay

ТӮҒАЙ, тӯқай, тӯғайзор, бешазорҳои дарёбоди минтақаҳои биёбону нимбиёбонҳои Осиёи Миёна ва Марказӣ. тӯғайҳо аз анбӯҳи буттаву дарахтони гуногун (туронғу, бед, санҷид, ангат, чингил, газ) иборатанд. Дар тӯғайҳо гуроз, холгул, шағол, хаус (гурбаи найзор), тазарв ва ғайра маскунанд. Нигаред низ Полвонтутай.

Муфассал »

ТӮҚАЙ Абдулло

ТӮҚАЙ Абдулло (ном ва фамимия— Абдулло Муҳаммадорифович Тӯқаев; 26. 4. 1886, раёни Арки РАСС Тотористон —15. 4 1913, Қазон), шоир ва публисисти тотор. Аз соли 1895 дар Уральск мезист. Соли 1902 ба шеъргӯи шурӯъ намуд. Дар газетаҳо шеъру мақолаҳои публисистӣ чоп мекард. Соли 1907 дар Қазон бо нависандагони демократ шинос …

Муфассал »

ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович

ТУХТАМЕТОВ Тӯхтамет Ғаффорович (1918, раёни Болшереченски вилояти Омск), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1970), профессор (1971). Аъзои КПСС аз соли 1954. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Соли 1948 факултети таърихи Уничерситети давлатии Осиёи Миёна (Тошкент)-ро хатм намуд. Баъд дар институти театрию рассомӣ, Мактаби ҳаракати иттифоқҳои касаба ва институтиҳои педагогии ба …

Муфассал »