Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН

УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН, муассисаест, ки ба кори як қатор экспедисияҳо ва идораҳои геологӣ роҳбарӣ мекунад. Он 28 июни 1938 дар заминаи Трести геологии Осиёи Миёна ва отрядҳои экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шудааст. Управленияи геологияи РСС Тоҷикистон ҳам ба Вазорати геологияи СССР ва ҳам ба Совети Вазирони …

Муфассал »

Деҳаи УНҶӢ

УНҶӢ, деҳа, маркази совети қишлоқи Унҷии раёни Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази район 8 км. Аҳолиаш 7200 нафар (1985). Дар деҳаи Унҷӣ 2 мактаби миёна, мактаби 8- сола, клуб, хонаи пионерон, касалхона, шӯъбаи алоқа, 3 пункти тиббӣ, 2 яслӣ-боғча, 6 нуқтаи …

Муфассал »

УНСӢ Сайид Қутбуддин

УНСӢ Сайид Қутбуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1517), шоири форс-тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ маълумот медиҳад. У соҳиби достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва қасоиду ғазалиёт будааст. Аз достонаш хабаре нест, вале қасоиду ғазалиёти ӯ дар ҷунгу баёзҳо …

Муфассал »

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад (тақрибан 968, Балх—1040), шоири форс-тоҷик. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасагиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди таҳсил дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш — султон Масъуд хидмат кардааст. Маликушшуаро буд, вале дар охири умр аз ин вазифа ва хидмати дарбор даст кашид. Унсурӣ асарҳои зиёде таълиф кардааст. …

Муфассал »

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС ибни Искандар ибни Қобус (1020—1099), насрнависи форс-тоҷик. Яке аз ҳокимони сулолаи Зиёриён. Аз илмҳои замонаш хуб огоҳ буд. Дар Гургон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши тиб пардохт; илми нуҷум, ҳайъат, шеър ва мусиқиро ҳам омӯхт. Унсурмаолӣ шахси донишманд буд ва таҷрибаи фаровони ҳаётӣ дошт. Ҳамаи …

Муфассал »