УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН, муассисаест, ки ба кори як қатор экспедисияҳо ва идораҳои геологӣ роҳбарӣ мекунад. Он 28 июни 1938 дар заминаи Трести геологии Осиёи Миёна ва отрядҳои экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.
Управленияи геологияи РСС Тоҷикистон ҳам ба Вазорати геологияи СССР ва ҳам ба Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тобеъ аст. Вай зиёда бо 50 институти тадқиқоти илмӣ ва ташкилотҳои истеҳсолии мамлакат алоқа дорад. Управленияи геология имруз Экспедисияи иктишофи геологии Қайроққум, Эксиедисияи иктишофи геологии Ҷануби Тоҷикистон, Экспедисияи иктишофи нефту газ, Экспедисияи иктишофи геолотии Помир, Экспедисияи гидрогеологии Ҷануб, Экспедисияи геологию геофизикии Ҷануб, Экспедисияи гидрогеологии Шимол, Экспедисияи нақшагирии геологии Тоҷикистон, Техникуми иктишофи геологии Душанбе, Комбинати таълимӣ, Лабораторияи марказӣ ва Шуъбаи таъминоти коргариро дар бар мегирад.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба туфайли корҳои иктишофи геологӣ зиёда аз 350 кон кушода шуд, ки бештар аз 50 намуд ашёи хоми минералӣ дорад. Ҳозир қариб аз 100 кони дорои аҳамияти саноатӣ зиёда аз 25 намуди маъдан гирифта мешавад.
Ю. А. Дяков, В. Д. Елизаров.
Tags муассиса
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …