УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОЧИКИСТОН, муассисаест, ки ба кори як катор экспедисияхо ва идорахои геологи рохбари мекунад. Он 28 июни 1938 дар заминаи Трести геологии Осиёи Миёна ва отрядхои экспедисияи Помир ва дигар нохияхои Точикистон ташкил шудааст.
Управленияи геологияи РСС Точикистон хам ба Вазорати геологияи СССР ва хам ба Совети Вазирони РСС Точикистон тобеъ аст. Вай зиёда бо 50 институти тадкикоти илми ва ташкилотхои истехсолии мамлакат алока дорад. Управленияи геология имруз Экспедисияи иктишофи геологии Кайроккум, Эксиедисияи иктишофи геологии Чануби Точикистон, Экспедисияи иктишофи нефту газ, Экспедисияи иктишофи геолотии Помир, Экспедисияи гидрогеологии Чануб, Экспедисияи геологию геофизикии Чануб, Экспедисияи гидрогеологии Шимол, Экспедисияи накшагирии геологии Точикистон, Техникуми иктишофи геологии Душанбе, Комбинати таълими, Лабораторияи маркази ва Шуъбаи таъминоти коргариро дар бар мегирад.
Дар солхои Хокимияти Совети ба туфайли корхои иктишофи геологи зиёда аз 350 кон кушода шуд, ки бештар аз 50 намуд ашёи хоми минерали дорад. Хозир кариб аз 100 кони дорои ахамияти саноати зиёда аз 25 намуди маъдан гирифта мешавад.
Ю. А. Дяков, В. Д. Елизаров.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …