Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАЙЗИИ БАЛХӢ

ФАЙЗИИ БАЛХӢ таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар Балх ба дунё омада, дар Машҳад нашъунамо ёфтааст. Дар ҷавонӣ боре ба Ҳинд сафар кард. Сарфу наҳв, арӯзу қофия ва муамморо ба хубӣ медонист. Девоне иборат аз қасоиду ғазалиёт, қитаоту рубоиёт ва таърихҳо, ин чунин маснавие доштааст. Намунаҳои осораш …

Муфассал »

ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович

ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович (таваллуд 15. 3. 1938, деҳаи Ёрии раёни Панҷакент), геологи советӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия (1982), профессор (1983). Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. (1959). То соли 1960 геологи Экспедисияи ҷануби Тоҷикистон буд. Аз соли 1960 ассистенти кафедран минералогия ва петрографияи Университети Давлатии …

Муфассал »

Аҳмади Файз

ФАЙЗ Аҳмади Файз (1911, шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоб —1985), шоир, мунаққид ва арбоби ҷамъиятии Покистон. Ба забони урду менавишт. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Солҳои зиёд дар газетаҳои «Покистон таймс», «Имрӯз» ва газетаи ҳафтаинаи «Лайлу наҳор» вазифаи муҳарририро ба ӯҳда дошт. Файз солҳоя 30—40 бо назарияи марксистию ленинӣ шинос шуда буд. Яке …

Муфассал »

ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ

ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ Мирзоабдуллоҳ ибни Исматуллоҳ (1847, Хуҷанд—1934, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз Файёзи Хуҷандӣ як дафтари ашъор (ғазалиёту маснавиҳо, мухаммасу мусаддасот, қасидаю рубоиёт, қиссаю тамсилот, мутоибот, таърихҳо, қитаот ва муфрадоту муаммоҳо) боқӣ мондааст, ки қариб 4000 байтро дар бар мегирад. Бисёр шеърҳояш дар шакли муламмаъ (тоҷикию ӯзбекӣ) гуфта шудаанд. Шоир …

Муфассал »

ФАЙЁЗИ ЛОҲИҶӢ

ФАЙЁЗИ ЛОҲИҶӢ Мавлоно Абдурраззоқ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Шогирди Садруддини Шерозӣ. Якчанд рисолаи илмӣ ва шарҳе ба «Фусус-ул-ҳикам»-и Ибни Арабӣ навиштааст. Соҳибдевон. Ин абёт аа ӯст: Вақте ки тарки пиру устод диҳем, Омӯхтаҳоро ҳама аз ёд диҳем. Бо ҷоми маи дусола дар майкадаҳо Номуси ҳазорсола …

Муфассал »