Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Ноҳияи ФАРХОР

farxor

ФАРХОР, райони маъмурист дар ҷануби вилояти Кӯлоб. Таъсисаш 23 ноябри 1930. Бо Республикаи Демократии Афғонистон (аз ҷануб ва ҷанубу шарқ) ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1183,1 км. Аҳолиаш 67,1 ҳаазор нафар (1986); 7 Совети қишлоқ (Ватан, Ғайрат, Ғалаба, Гулшан, Деҳқонариқ, Комсомол, Фархор) ва птш (Фархор) дорад. Фархор дар соҳили рости дарёи Панҷ …

Муфассал »

«ФАРФАР»

surud-nota

«ФАРФАР» оҳангест дар қисми «Мушкилот» (созӣ)-и мақоми «Ироқ»-и «Шашмақом». «Фарфар» оҳанги чорум буда, бо усули 2/4 иҷро мешавад. Вай 5 бозгӯй ва 11 хона дорад; фарқи «Фарвар» аз дигар оҳангҳо дар он аст, ки бо бозгуӣ сар шуда, дар охир бозгӯй надорад. Бо бемол (Ь) навохта мешавад. И. Раҳимов.

Муфассал »

ФАРСОИШ

ФАРСОИШ, ҷараёни дар рӯи замин ё дар қисмҳои ба сатҳ наздики он порашави ва дучори тағйироти химиявӣ гардидани ҷинсҳои кӯҳиро гӯянд, ки дар натиҷаи пасту баландии ҳарорат, таъсири химиявии ҳаво, об ва органиамҳо ба амал меояд. Фарсоиш физикӣ (механикӣ), химиявӣ ва органикӣ (дар натиҷаи таъсири организмҳои зинда) мешавад.

Муфассал »

ФАРСАНГ

ФАРСАНГ  фарсах, парсанг, ченаки масофа. Маълумоти аввалин оид ба фарсанг дар Авесто, инчунин дар асарҳои мулллифони асрҳои 9—10 мавҷуд аст. Дар замонҳои қадим ба ҷои фарсанг сангро кор мефармуданд. Аксари олимон дарозии 1 фарсангро 6—8 км муайян кардаанд. Аммо фарсанг дар мавзеъҳои мухталиф гуногун буд: дар асри 19 дар Бухоро, …

Муфассал »