Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…»

«ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…» номи пуррааш «Рисола фи-л-бароҳин ило масоил ил-ҷабр ва-л-муқобала», асарест, ки Умари Хайём соли 1074 таълиф кардааст. «Фи-л-бароҳин ило масоил» рисолаест дар боби математика, алгебра ва амалҳои он. Онро ба чунин фаслҳо ҷудо метавон кард: 1) муқаддима; 2) ҳалли муодилаҳои дараҷаи якум ва дуюм; 3) ҳалли муодилаҳои дараҷаи …

Муфассал »

ФИЛДИНГ Ҳеври

ФИЛДИНГ (fielding) Ҳеври (1707 —1754), нависандаи англис, классики адабиёти Маорифпарварӣ. Муаллифи мазҳакаҳои «Дон Кихот дар Англия» (1734), «Пасквин» (1736), «Тақвими таърихии соли 1736» (1736) ва ғайра, романи ҳаҷвии «Ҷонатан Уайлд» (1743), «эпопеяи маэҳакавии мансур» — «Ҷозеф Эндрюс» (1742) ва романи «Таърихи зиндагии Том Ҷонси ятим» (1749). Ин роман машҳуртарин асари …

Муфассал »

ФИЛАТОВ Дмитрий Петрович

filatov-dp

ФИЛАТОВ Дмитрий Петрович (12. 2. 1876, деҳаи Тёплый Стан, ҳоло деҳаи Сеченовои вилояти Горкий — 18. 1. 1943, Москва), эмбриологи советӣ, асосгузори эмбриологияи таҷрибавӣ дар СССР, бунёдгузори мактаби илмии Москва, профессори Университети давлатии Москва (аз 1937). Доир ба асосҳои назариявии механизми инкишоф ва қонуниятҳои онтогенез тадқиқот бурдааст. Асарҳо: Сравнително-морфологическое направление …

Муфассал »

ФИЛАТОВ Нил Фёдорович

ФИЛАТОВ Нил Фёдорович 1847, деҳаи Михайловка, ҳозира вилояти Пенза —8. 2. 1902, Москва), духтури рус, яке аз асосгузорони педиатрия дар Россия, бунёдгузори мактаби илмӣ. Аз соли 1891 профессор ва роҳбари кафедраи мустақили 1-уми бемориҳои бачагонаи Университети Москва. Бемории обакон, мононуклеози сироятӣ, аввалин аломатҳои сурхча ва ғайраро тафсир кардааст. Асарҳо: Лекции …

Муфассал »

ФИЛАТОВ Владимир Петрович

filatov-vp

ФИЛАТОВ Владимир Петрович (27.2. 1875, деҳаи Михайловка, ҳозира вилояти Пенза—30. 10. 1956, Одесса), офталмолог ва ҷарроҳи советӣ, академики Академияи фанҳои СССР (1944) ва Академияи фанҳои РССУ (1939), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1950). Аз соли 1911 професор ва мудири кафедраи бемориҳои чашми Университети Новороссийск (Одесса). Асарҳои Филатов доир ба масъалаҳои трансплаптасияи қаршғяи …

Муфассал »