Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФИНЛЯНДИЯ

finlyandiya

ФИНЛЯНДИЯ, Республикаи Финляндия (Suomi, Suomen Таsavalta), давлатест дар шимоли Европа. Масоҳаташ 337 ҳазор км2. Аҳолиаш 4,9 млн нафар (1984). Беш аз 93%-и аҳолӣ финҳо, боқимондаашон шведҳо (6%). Забони давлатӣ финӣ ва шведӣ. Аксари диндорон лютеранҳоянд. Пойтахташ шаҳри Хелсинки, Сардори давлат — президент. Органи олли ҳокимияти қонунбарор парламенти якпалатагист. Соҳилҳои халиҷ …

Муфассал »

ФИЛТРи электрикӣ

ФИЛТРи электрикӣ (радио), ҷиҳозест барои ҷудо кардани лаппишҳои электрикии гуногунбасомад. Лаппишҳои басомадашон ба ҳудуди гузаронандагии Филтри номувофиқ, хомӯш (суст) мешаванд. Филтрҳои баландбасомад, пастбасомад, қитъагӣ, манъкунанда мавҷуданд.

Муфассал »

ФИЛТР

ФИЛТР (франсузӣ filtre), ҷиҳоз, асбоб ё иншоотест, ки дар он системаи ғайриякҷинса (дорои фазаи сахт, моеъ, газӣ) тавассути девораҳои филтронӣ ба масолеҳи якҷинса ҷудо мёшавад.  Истилоҳи «Филт»-ро дар радиотехника ва электротехяика низ истифода мебаранд.

Муфассал »

ФИЛОЛОГИЯ

zabon

ФИЛОЛОГИЯ (юнонӣ рhilolojia — сухандӯстӣ, донишдӯстӣ), маҷмӯи илмҳои иҷтимоӣ—забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих ва ғайра, ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияги маънавии инсониятро омӯхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Асоси таҳқиқи филологиро матн ташкил менамояд ва ин таҳқиқ ду ҷанба дорад: яке ҷанбаи маҳдуд, ки ба омузиши …

Муфассал »