Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФУРЕ ШАРЛ

ФУРЕ ШАРЛ (7. 4 1772, Безансон—10. 10. 1837, Париж), сосиалисти хаёлии Франсия. Аз оилаи тоҷир. Баъди хатми мактаб худомӯзӣ кардааст. Тамоми умр дар тиҷоратҳонаҳо кор кардааст. Фуре сохти буржуазиро сахт танқид карда, тарҳи барномаи ҷамъияти ояндаеро кашидааст, ки дар он як «ҳамоҳангӣ»-и муайяне ҳукмрон буда, барои зоҳир шудани ҳамаи қобилияти …

Муфассал »

ФУРЕ Жан Батист Жозеф

ФУРЕ (Ғоurier) Жан Батист Жозеф (21. 3. 1768, Осер—16. 5. 1830, Париж), математик ва физики франсавӣ, аъзои фахрии хориҷии Академияи Фанҳои Петербург (1829). Асарҳояш ба алгебра, муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи математики оиданд. Асари машҳури у «Назари таҳлилии гармӣ» (1822) нуқтаи муҳиме барои ба вуҷуд овардани назариян қаторҳои тригонометри гардид.

Муфассал »

Дарёи ФУРСТ

r498k

ФУРСТ (ба забони оромӣ — оби ширин), Шаттулфурот, дарёест дар Туркия, Сурия ва Ироқ, калонтарин дарёи Осиёи Ғарбӣ. Тӯлаш (аз саргаҳи дарёи Мурод) 3065 км, аз андароби дарёҳои Мурод ва Қаросу 2700 км. Масоҳат ҳавэааш 673 ҳазор км2. Аз кӯҳсори Арман ибтидо меёбад. Поёнобаш бо ду шохоб ба дарёи Даҷла …

Муфассал »

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ – Фурсатуддавла

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ Сайид Мирзо Муҳаммад Насири Ҳусайнӣ, машҳур ба унвони Мирзо Оқо ва лақаби Фурсатуддавла (1854/55, Шероз—1921, ҳамон ҷо), шоир ва адиби эронӣ. Аҷдодаш аҳли завқу адаб ва аз ҳунармандону табибони машҳури Шероз буданд. Фурсати Шерозӣ ба шеъргӯӣ аз ҷавонӣ сар кард. Дар ин ҷода устодонаш Шайх Муфид ва падараш …

Муфассал »

ФУНТ СТЕРЛИНГ

funt

ФУНТ СТЕРЛИНГ, воҳиди пули Британияи Кабир, ки ба 100 пенс (то феврали 1971 1 фунт стерлинг =20 шиллинг — 240 пенс) баробар аст. Қурби онро нисбат ба сӯми советӣ Банки давлатии СССР ҳамеша эълон мекунад.

Муфассал »