Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ФУРСТ

Дарёи ФУРСТ

ФУРСТ (ба забони оромӣ — оби ширин), Шаттулфурот, дарёест дар Туркия, Сурия ва Ироқ, калонтарин дарёи Осиёи Ғарбӣ. Тӯлаш (аз саргаҳи дарёи Мурод) 3065 км, аз андароби дарёҳои Мурод ва Қаросу 2700 км. Масоҳат ҳавэааш 673 ҳазор км2.

r498k

Аз кӯҳсори Арман ибтидо меёбад. Поёнобаш бо ду шохоб ба дарёи Даҷла ҳамроҳ шуда, Шаттулараб ном мегирад ва ба халиҷи Форс мерезад. Дарё аз резишгоҳаш то шаҳри Ҳит киштигард аст. Дар соҳилҳои Фурст шаҳрҳои Биреҷик (Туркия), Раққа, Дайруззавр (Сурия), Ромадӣ, Ал-Фаллуҷа, Ал-Кӯфа, Самова ва Носирия (Ироқ) воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …