Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАЛИЛОВ Муҳаммад

ХАЛИЛОВ Муҳаммад (таваллуд 1909, Самарқанд), актёри советии тоҷик («алкииРСС Тоҷикистон (1956). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1950. Дар Техникуми кооперативии шаҳри Самарқанд таҳсил карда, дар маҳфили ҳаваскорони санъат иштирок дошт. Соли 1931 ба ҳайати Театри давлатии тоҷик (ҳозира Театри давлатии драмаи академии ба номи Лоҳутӣ) қабул шуд. Xалилов …

Муфассал »

ХАЛИЛИ БУХОРОӢ Мирак Амириброҳим

ХАЛИЛИ БУХОРОӢ Мирак Амириброҳим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Мувофиқи маълумоти Музоки-р-ул- асуоб» дар мадраса таҳсил кард ва аз ғояти камоли ақлу дониш аз ҳамсолони худ пеш рафта, баробари таҳсил ба тадриси толибилмон низ шуғл дошт. Халили Бухороӣ дар сурудани муаммо, инчунин шарҳу тафсири «Шабистон»-и Фаттоҳии …

Муфассал »

ХАЛИЛ ИБНИ АҲМАД

ХАЛИЛ ИБНИ АҲМАД—(тақрибан 719, Басра — 791, ҳамон ҷо), филологи араб, асосгузори арӯз. Намояндаи мактаби филологии Басра, шогирди Абуамр ибн Ало. Афкору ақоиди илмӣ ва ашъори Xалил ибни Аҳмад тавассути осори шогирдопаш — Сибавайҳ, Асмай ва диг. боқй мон- даанд. Асари муҳимтарипи X. и. А. нахустин фарҳанги забони арабӣ мебошад. …

Муфассал »

ХАЙТУН Давид Ефимович

ХАЙТУН Давид Ефимович (16. 5. 1899, ст. Кринкии вилояти Смоленск—11.12. 1965, Душанбе), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1958), проф. (1959). Соли 1932 шӯъбаи таърих ва соли 1933 факултети забон ва адабиёти Институти олии педагогии Белоруссияро хатм намуд. Аспиранти институти таърих, фалсафа ва адабиёти Москва (1933—36), муаллими калони институти педагогил Челябинск …

Муфассал »

«ХАЙР-УЛ-БАЁН»

«ХАЙР-УЛ-БАЁН» тазкираест, ки Ҳодӣ соли 1610 таълиф карда, соли 1626 бори дуюм таҳриру такмил намудааст. Тазкираи умумиест иборат аз муқаддима, ду фасл, хотима ва хатми хотима. Тартиби тазкира алифбоист. Дар муқаддима баъди қисмати анъанавӣ роҷеъ ба таърихи салотини Сафавия сухан рафтааст. Фасли аввал зикри ақволу ашъори шоирони қадим, фасли дуввум …

Муфассал »