Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЙТУН Давид Ефимович

ХАЙТУН Давид Ефимович

ХАЙТУН Давид Ефимович (16. 5. 1899, ст. Кринкии вилояти Смоленск—11.12. 1965, Душанбе), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1958), проф. (1959). Соли 1932 шӯъбаи таърих ва соли 1933 факултети забон ва адабиёти Институти олии педагогии Белоруссияро хатм намуд.
Аспиранти институти таърих, фалсафа ва адабиёти Москва (1933—36),
муаллими калони институти педагогил Челябинск (1936—37), мудири кафедраи таърихи умумии институти педагогии Тошкент ва иҷрокунандаи вазифаи профессори Университети давлатии Осиёи Миёна (1937—43), мудири кафедраи таърихи умумии институти педагогии Абакан (1943—49), аз соли 1950 то охири ҳаёташ мудири кафедраи таърихи умумии Университети Давлатии Тоҷикистон буд. Тадқиқоти Xайтун ба ҳалли масъалаҳои дину оини ибтидоӣ, аз ҷумла тотомизм, роли олимони рус дар тадқиқи археология, таърих ва этнографияи халқиятҳои Бадахшон ва ғайра оид аст. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.
Осор: Вклад русских учбных в изученин археологии, истории и атнографии народов Памира, «Уч. записки ТГУ», том 17, Сталинабад, 1055 (ҳамроҳи Ю. А. Шибдева); Перситски тотемизма у народов Средней Азии Казахстана, «Уч. записки ТГУ», том 14, Сталинабад. 1956.
А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …