Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАТИ МАЙЯ

ХАТИ МАЙЯ, хати яке аз халқҳои сокини Америка (қисми Мексика, Гондурас, Гватемала), ки ҳазораи 1 то мелод то асри 16 маданияти боеро ба вуҷуд овардааст. 3 навиштаҷоти калон (ба асрҳои 12—15 дахл доранд) ва навиштаҷоти зиёде дар рӯи сангҳо ба хати майя боқӣ мондааст. Рамзкушоии хати майя дар ОҒОЗИ солҳои …

Муфассал »

ХАТИ ИБРОНӢ

idish-primer

ХАТИ ИБРОНӢ, хати яҳудиёни қадим ва ҳозираи ба забони ибронӣ (инрит), идиш, ладино (ибронӣ — испанӣ) гуфтугӯкунандаро гӯянд. Мувофиқи маълумоти Таврот ин хат дар асри 11 то мелодӣ вуҷуд доштааст. Осори қадимтарини Xати ибронӣ Тақвими гезерист, ки ба асри 10 то мелод мансуб аст. Ин Тақвим ба алифбои канъонӣ (ба …

Муфассал »

ХАТИ ИДЕОГРАФӢ

images

ХАТИ ИДЕОГРАФӢ (юнонӣ idа — ғоя, фикр ва графия), навъи хат, ки аломатҳои он ба мисли хати овозӣ ва ҳиҷоӣ на овозҳо ва ҳиҷоҳо, балки калимаҳои яклухт ё қисмҳои маънодори калимаро ифода мекунанд. Хати шумерӣ ва хитоӣ намунаи хати идеогшрафӣ мебошад. Шаклҳои қадимаи хати идеогшрафӣ дар асоси хати таснирӣ ба …

Муфассал »

«ХАТИ ДЮРАНД»

«ХАТИ ДЮРАНД», номи шартии сарҳади Афғонистону Ҳиндустони Англия, ки баъди баимзорасии шартномаи байни намояндаи Англия М. Дюранд ва амири Афғонистон Абдурраҳмонхон ба вуҷуд омадааст. 12 ноябри 1893 ҳайати махсуси намояндагии Англия бо роҳбарии М. Дюранд дар Кобул амир Абдурраҳмонхонро ба имзои ин шартнома маҷбур сохт. Мувофиқи он сарҳадҳои шарқӣ ва …

Муфассал »

ХАТИ ГУРҶӢ

ХАТИ ГУРҶӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони гурҷӣ истифода мешавад. Мувофиқи анъанаи халқи он дар замони ҳукмронии Фарнавоз (асри 3 то мелод) ба вуҷуд омадааст. Бо яке аз навъҳои хати оромии шарқӣ (нигаред Хати оромӣ), алоқаманд буд. Пас аз ҷорӣ гардидани дини насронӣ унсурҳои оромии хати гурҷӣ …

Муфассал »