Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Лубиёиҳо

lubiyogiho

ЛУБИЁИҲО (Leguminosae), оилаи растаниҳои дупаллагӣ, ки дар ҳамаи ноҳияҳои кураи Замин васеъ паҳн шудаанд. Баргҳо оддӣ ё мураккаб, гулҳо бештар дар гултӯда буда, 5 (баъзан 4) гулбарг доранд; гулбарги болои байрақ, ду гулбарги паҳлуи бел, ду гулбарги майдатарини дигар заврақча номида мешаванд. Лубиёиҳо одатан 10 (баъзан зиёд) гардбарг доранд. Лубиёиҳо …

Муфассал »

Лепидомелан

Лепидомелан

ЛЕПИДОМЕЛАН (аз юн. lepis — пулакча ва melanos — сиёҳ), минерал аз гурӯҳи абрақ, навъи аз оҳан бои биотит. Формаи химиявиаш K(Fe,Mg)3(Si,Al)4O10(OH)2. Дар системаи моноклини кристалл мебандад. Аз рӯи хосиятҳои физикӣ ба биотит шабоҳат дорад. Рангаш сиёҳтоб. Сахтиаш қариб 3; зичиаш 3000—3200 кг/м³. Асосан дар ҷинсҳои кӯҳии оҳанаш бисёру магниташ …

Муфассал »

Малдив

Малдив

МАЛДИВ –  Республикаи Малдив, давлат дар галаҷазираи Малдиви уқёнуси Ҳинд, ки ҷанубу ғарбтар аз нимҷазираи Ҳиндустон воқеъ гаштааст. Давлатест хело аз ҷиҳати туризм ва табиати зебо машҳур дар ҷаҳони имрӯза.  Масоҳаташ тақрибан 300 км². Аҳолиаш 380 ҳазор нафар (2017с.). Пойтахташ шаҳри Мале. Малдив аз ноябри 1968 республика аст. Сардори давлат — …

Муфассал »

Малтоза

Малтоза

МАЛТОЗА (аз англ. malt — орди ғаллаи сабзонидашуда) ин қанди орди ғаллаи сабзонидашуда, дисахариди табиӣ, ки аз боқимондаи ду молекулаи глюкоза иборат аст. Дар дони нешзадаи ҷав, ҷавдор ва дигар ғалладонаҳо, инчунин помидор, гард ва нектари баъзе растаниҳо бисьёр аст. Мальтоза дар об нағз ҳал мешавад, таъми ширин дорад. Биосинтези …

Муфассал »

Мадҳушӣ

nadhush_behush_yorii_aval

МАДҲУШӢ ё худ БЕҲУШӢ  –  ин ба муддати кӯтоҳ аз таъмини хун маҳрум шудани майнаи cap, ки дар натиҷаи он cap чарх зада, чашми кас сиёҳ мезанад ва кас бехуд мешавад. Сабаби Мадҳушӣ иллату нуқсони дилу рагҳо, бисьёр рафтани хун, хунукиии барзиёд ва ё гармии беҳад балланд, дарду ҳаяҷони сахт ва ғайра …

Муфассал »