Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Лепидомелан

Лепидомелан

ЛЕПИДОМЕЛАН (аз юн. lepis — пулакча ва melanos — сиёҳ), минерал аз гурӯҳи абрақ, навъи аз оҳан бои биотит. Формаи химиявиаш K(Fe,Mg)3(Si,Al)4O10(OH)2. Дар системаи моноклини кристалл мебандад. Аз рӯи хосиятҳои физикӣ ба биотит шабоҳат дорад. Рангаш сиёҳтоб. Сахтиаш қариб 3; зичиаш 3000—3200 кг/м³.

Лепидомелан
Сурати (расми) Лепидомелан

Асосан дар ҷинсҳои кӯҳии оҳанаш бисёру магниташ камтар ва баъзан дар гранитҳои ишқорӣ, сиенитҳои нефелиндор дучор мешавад. Дар шакли кристаллҳои калон дар Канада, Аляска, Руссия (нимҷазираи Кола, Урали Ҷанубӣ ва ғ.) вомехӯрад. Бисёриҳо зери Лепидомелан ҳамон Бититро мефаҳманд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …