Маълумоти охирин

Малдив

МАЛДИВ –  Республикаи Малдив, давлат дар галаҷазираи Малдиви уқёнуси Ҳинд, ки ҷанубу ғарбтар аз нимҷазираи Ҳиндустон воқеъ гаштааст. Давлатест хело аз ҷиҳати туризм ва табиати зебо машҳур дар ҷаҳони имрӯза.  Масоҳаташ тақрибан 300 км². Аҳолиаш 380 ҳазор нафар (2017с.). Пойтахташ шаҳри Мале. Малдив аз ноябри 1968 республика аст. Сардори давлат — президент аст, ки онро аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Органи олии қонунбарор — Маҷлис (парламенти якпалатагӣ). Конституцияаш аз августи 1972 ҷорист. Дини расмиаш ислом. Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба надорад.

Малдив

Галаҷазираи Мальдив (зиёда аз 2 ҳазор ҷазира) ҷазираҳои марҷонӣ буда, сатҳашон паст ва бо ду силсилаи параллелӣ ба масофаи 880 км. тӯл кашидаанд. Иқлимаш — экваторӣ, муссонӣ. Ҳаpopаташ аз 24° С то 30° С. Миқдори боришот зиёд (дар як сол қариб 2500 мм) бошад ҳам, оби нӯшокӣ намерасад, чунки манбаи об надорад ва оби чоҳҳояш шӯр аст. Дар 216 ҷазира одамон доимӣ зиндагӣ мекунанд. Сокинонаш — малдивиҳо Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км. 1135 нафар Забони расмӣ — малдивӣ.

шш. Мале (Пойтахти Малдив)
ш. Мале (Пойтахти Малдив)

Очерки таърихӣ. Таърихи қадимаи галаҷазираҳои Малдив пурра омӯхта нашудааст. Тахмин мекунанд, ки авлодони қадими малдивиҳо аз ориёни Ҳиндустон (сингалҳо, ҳиндуён, малайҳо) будаанд. Дар ин ҷо дар асри 14 давлати подшоҳӣ (сулолаи Дудҳо, ки то соли 1968 ҳукмронӣ кардаанд) ташкил ёфт. Соли 1558 галаҷазираҳои Малдивро португалиҳо забт намуданд. Вале дере нагузашта (1573) аҳолии маҳаллӣ онҳоро аз хоки худ берун кард. Малдив дар асри 17 тобеи ҳокимони Голландии Цейлон шуд. Соли 1796 зери тасарруфи Британияи Кабир даромад. Соли 1887 Британияи Кабир Малдивро ба протекторати худ табдил дод. Аҳолии Малдив баъди Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ бар зидди ҳукмронии чандинсолаи англисҳо ба мубориза бархост. Дар натиҷаи инкишофи ҳаракати озодихоҳӣ англисҳо ба гуфтушунид розӣ шуданд. Мувофиқи созишномаи тарафайн (2 июли 1965) Малдив комилан мустақил шуд. Вале галаҷазираҳои Ган (атолли Аду)-ро англисҳо ба мақсадҳои ҳарбӣ нигоҳ доштанд. Малдив аз соли 1965 аъзои ТДМ аст.

Малдив дар Харита

Хоҷагӣ. Аҳолии Малдив асосан машғули моҳигирист. Инчунин солҳои охир саёҳат ва туризм хело хуб таррақӣ  ёфтааст. Мардуми ҷаҳон ва хусусан бойҳо инҷоро бештар ҳамчун сайёҳ омада истироҳат менамоянд. Дар Малдив соле 25—30 ҳазор тонн моҳӣ мегиранд. Зиёда аз 97% арзиши экспорти Малдив моҳӣ (асосан моҳии хушконида) мебошад. Малдивиҳо аз баҳр сангпушт шикор намуда, марворид, гушмоҳӣ, марҷон низ мегиранд. Хоҷагии қишлоқи Малдив суст таракқӣ кардааст. Асосан норҷил, папайя, манго, ямс, банан, арзан ва ғ. парвариш мекунанд. Дар Малдив чанд корхонаи хурди косибӣ (устохонаҳои хурди киштисозӣ барои моҳигирӣ, устухонаҳои оҳангарӣ, коркарди норҷил, тӯрбофӣ, консерви мева, орди моҳӣ, маснуоти марҷонӣ) мавҷуд аст. Нақлиёти Малдив аз киштию заврақҳои бодбондор иборат аст. Бандари асосии тиҷоратии Малдив шаҳри Мале аст. Малдив ба хориҷа моҳӣ, маҳсулоти копра ва норҷил бароварда, аз он ҷо биринҷ, қанд, орд, матоъ ва ғ. мегирад. Муҳимтарин воситаи даромади Малдив аз туризм ва савдои маркаҳои почта аст. Воҳиди пул — руфияи малдивӣ.

Ад.: Кассис В. Б., Мальдивы — архипелаг без тайн, М., 1063.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …