Маълумоти охирин
Главная / Биология / Лубиёиҳо

Лубиёиҳо

ЛУБИЁИҲО (Leguminosae), оилаи растаниҳои дупаллагӣ, ки дар ҳамаи ноҳияҳои кураи Замин васеъ паҳн шудаанд. Баргҳо оддӣ ё мураккаб, гулҳо бештар дар гултӯда буда, 5 (баъзан 4) гулбарг доранд; гулбарги болои байрақ, ду гулбарги паҳлуи бел, ду гулбарги майдатарини дигар заврақча номида мешаванд. Лубиёиҳо одатан 10 (баъзан зиёд) гардбарг доранд.

lubiyogiho
Сурати намудҳои Лубиёиҳо

Лубиёиҳо қариб 700 ҷинс ва зиёда аз 1200 намуди растаниҳои яксола ва бисьёрсолаи алафӣ, нимбутта, бутта, баъзан дарахтиро дарбар мегиранд. Дар Тоҷикистон 55 ҷинс ва 550 намуди Лубиёиҳо мерӯянд.

Лубиёиҳо яке аз оилаи муҳимтарини растаниҳои пӯшидатухм мебошанд. Дар байни онҳо растаниҳои қимматбаҳои доруӣ, ороишӣ, хӯрокӣ ва ғ. хеле бисьёранд. Тухми нахӯд, лубиё, наск ва ғ. миқдори зиёди сафеда доранд. Кирмина, юнучқа, себарга, эспарцет ва ғ. беҳтарин растаниҳои хӯроки чорво мебошанд. Афсонак, қашқарбеда ва ғайра растаниҳои доруӣ ба шумор мераванд. Ба намудҳои ороишии Лубиёиҳо нахӯди хӯшбӯй, ақоқиё, глициния ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Муносибати симбиозии Лубиёиҳо бо бактерияҳои азотандӯз, ки дар решаи Лубиёиҳо мешаванд, хусусияти муҳими биологии онҳо мебошад. Бактерияҳои азотандӯз (Bacterium rodicicola) карбогидратҳои Лубиёиҳоро истифода бурда аз нитрогени озоди ҳаво пайвастҳои нитрогении барои растанӣ зарур ҳосил мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …