САДО, мавҷҳои чандирро гӯянд, ки дар муҳити газшакл, моеъ ва сахт паҳн мешаванд ва онҳоро гӯши одам қабул карда метавонад. Одам Садои басомадаш аз 16 Гс то 20000 Гс-ро мешунавад. Садои басомадаш аз 16 Гс хурд инфрасадо ва Садои басомадаш аз 20000 Гс калон ултрасадо ном дорад. Мавҷҳои чандири баландбасомади …
Муфассал »ФОТОБИОЛОГИЯ
ФОТОБИОЛОГИЯ (аз фото… ва биология), як фасли биологияро гӯянд, ки таъсири рӯшноиро ба организм ва аҳамияти онро дар ҳаёти наботот, ҳайвонот ва одам тадқиқ мекунад. Ба нумӯ, инкишоф ва функсияҳои гуногуни организмҳо таъсир памудани рӯшноӣ аз қадим маълум аст. Дар асрҳои 18-19 кашф шудани фотосинтез, дарёфти асосҳои назариявии рангбинӣ, таснифн …
Муфассал »ПРОТИСТОЛОГИЯ
ПРОТИСТОЛОГИЯ (юнонӣ protistos — аввалин ва …логия), илмест, ки организмҳои зукариотии якҳуҷайрагии мансубии типи соддатаринҳоро меомӯзад. Оид ба Протистология ду ақида вуҷуд дорад. Мувофиқи ақидаи баъзе олимон (олими советД В. А. Догел, олими немис Э. Рейхенов, олими франсавӣ П. Грассе ва дигарон) Протистология организмҳои якҳуҷайрагии ба таври гетеротрофӣ ғизогиранда (ниг. …
Муфассал »ПОЛИМОРФИЗМ
ПОЛИМОРФИЗМ (аз поли… ва юнонӣ morphos— шакл) дар биология. дар байни як намуди наботот ё ҳайвонот мавҷуд будани фардҳои аз ҳамдигар хеле фарқкунанда (аз ҷиҳати симо). Полиморфизм якчанд хел мешавад: ҷинси (масалан, аз ҳам фарқ кардани занбӯри асали нарина, модина ва коргар), мавсимӣ (масалан, дигаргун шудани шаклҳои баъзе шапалакҳо ва …
Муфассал »ҚАТОР дар биология
ҚАТОР, Дар биология, категорияи тақсономист дар систематикаи ҳайвонот. Дар Қ. (баъзан аввал дар зерқатор) оилаҳои ба ҳам наздикро муттаҳид мекунанд. Мас., оилаҳои сагшаклҳо, савсоршаклҳо, гурбашаклҳо ва ғ. Қ,.-и даррандадоро ба вуҷуд меоранд. Қ.-ҳои ба ҳам наздик синф (баъзан аввал забарқатор)-ро ташкил медиҳанд. Дар систематикаи растанӣ Қ. баробари категорияи таксономии тартиб …
Муфассал »ЦИТОЛОГИЯ
ЦИТОЛОГИЯ (аз юн. kytos — ҳуҷаайра ва ..логия), илмест доир ба ҳуҷайра. Цитология ҳуҷайраи ҳайвоноти бисёрҳуҷайра, растанӣ, организмҳои якҳуҷайраи ҳайвонию наботӣ, бактерияҳо ва ғ-ро меомӯзад. Тараққиёти Цитология то ибт. а. 20 ба инкишофи усулҳои тадқиқи ҳуҷайра вобаста аст. С. 1665 бори нахуст Р. Гук сохти ҳуҷайраи як қатор бофтаҳои набототро …
Муфассал »СИПАР
СИПАР, дар биология, ташкилаи сахти мухзофизатиест, ки як қисм ё тамоми бадани баъзе ҳайвонҳоро мепӯшад. Дар ҳайвонҳои бемӯҳра Сипар аз пӯшиши каме ғафсшудаи хитинӣ ё лавҳачаи оҳакӣ ба вуҷуд меояд. Сипари хитинӣ ба баъзе ҳашарот (масалан, дуруштболҳо) ва харчангшаклҳои дараҷаи паст хос аст. Дар харчангшаклҳои дараҷаи олӣ (масалан, дар крабҳо) …
Муфассал »СИНФ
СИНФ (арабӣ қисм, гурӯҳ), яке аз категорияҳои таксономиест дар систематикаи ҳайвонот ва растаниҳо. Синф қатор (дар ҳайвонот) ва ё тартибҳое (дар растаниҳо), ки бо ҳамдигар муносибати хешӣ доранд, муттаҳид мекунад. Масалан, қатори хояндаҳо, ҳашаротхӯрҳо, даррандаҳо ва ғайраро ба Синфи ширхӯрҳо муттаҳид менамояд. Дар навбати худ Синфҳое, ки намояндаи онҳо аз …
Муфассал »Абдуллоев Ҳамидҷон
Абдуллоев Ҳамидҷон (20. 7. 1945, деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд), биолог, доктори илмҳои биология (1990), профессор (1997), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966). Ассистента кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966 – 1967), аспиранти Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физикаи …
Муфассал »МИМИКРИЯ
МИМИКРИЯ (аз юн. mimikos — тақлид), мимезия, ҳамрангшавии (монандшавии) ҳайвонот ва растанӣ бо муҳити зиндагӣ. Дар натиҷаи интихоби табиӣ ба вуҷуд омадааст. Як навъ тарзи ҳимоя аст, ки ҳайвонҳо ба кор мебаранд. Чунончи, ҳайвонҳо тақлидан ба предметҳои муҳит, растаниҳо, инчунин бо ҳайвонҳое, ки даррандаҳо онҳоро намехӯранд (миметизм) тағйир меёбанд, мас., …
Муфассал »