Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Ҳамидҷон

Абдуллоев Ҳамидҷон

Абдуллоев Ҳамидҷон (20. 7. 1945, деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд), био­лог, доктори илмҳои биология (1990), профессор (1997), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи Институти давла­тии педагогии Ленинобод (1966).

Ассистента кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966 – 1967), аспиранти Институти фи­зиология ва биофизикаи растаниҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физикаи биологии АИ СССР (шаҳри Москва, 1967 – 1970), ходими хурд (1970 – 1973) ва калони илмӣ (1973 – 1975), мудири кабинети микроскопи электронии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1975 – 1979), мудири Озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо (1980 – 2003), ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Ин­ститути физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003 – 2005). Аз соли 2005 акад.- котиби Шӯъбаи илмҳои биология ва тибби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдуллоев олими шинохтаи соҳаи физиологияи растанӣ, ге­нетика ва селексияи пахта буда, оиди омӯзиши генетикаи фотосинтез, коркарди тест-аломатҳои физиологӣ, беҳтар намудани фаъолияти фотосин­тез бо мақсади баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ тадқиқот анҷом додааст.

Абдуллоев якҷоя бо Ш. Т. Бурнашев чанд навъи зудрас, серҳосил ва ба касалии вилт тобовари пахтаи миёнанахро кашф намудааст («Гулистон», «Гулистон-2», «Шавкат-80»), ки дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Фархор, Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кишт мешаванд. Абдуллоев муаллифи 150 таълифоти илмӣ, аз ҷумла як монография, ду шаҳодатиома ва ду патент барои ихтирои навъҳои пахтаи миёнанах аст. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадӣ, 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Бо унвони «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз гаштааст.

Ос.: Индексы фотосинтеза в селекции хлоп­чатника, Д., 2001; Методы селекции растений, Д., 2002.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …