Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Мӯъҷам-ул-удабо

2

«Мӯъҷам-ул- удабо» («Фарҳанти адибон»), асари Ёқути Ҳамавӣ, ки дар ибтидои асри 13 ба забони арабӣ навишта шудааст. Муаллиф пеш аз таълифи «Мӯъҷам-ул- удабо» осори адибони гузашта ва муосири худро ҳангоми сафари 16-солааш ба шаҳрҳои Арабистону Эрон омӯхтааст. Нусхаи аслии «Мӯъҷам-ул- удабо» аз 4 ҷилди калон иборат аст. Ҷилди I1«Мӯъҷам-ул- удабо», …

Муфассал »

Мӯъҷам-ул-Булдон

1

«Мӯъҷам- ул-Булдон» асари 10-ҷилдаи географ ва сайёҳи асри 13 Ёқути Ҳамавӣ, ки соли 1224 бо ёрй ва ҳамкории олим, файласуф ва муррихи араб Ибни Қифтӣ таълиф шудааст. Муаллиф дар навиштани «Мӯъҷам- ул-Булдон» зиёда аз 50 асари олимони Юнон (Афлотув, Пифагор, Батлимус), географҳои Шарқ (Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Возеҳ, Абузайди Балхӣ) ва …

Муфассал »

Мӯътод

2

Мӯътод (одаткарда;, акклиматизатсия (аз лотини ad— ба, барои ва юн. klima — иқлим), ба шароити нав мутобиқшавии организмҳо. Мӯхтод одатан ҳангоми тағйироти физиологии морфологии организм ба вуҷуд меояд. Тағйироти физиологӣ (дигаргуншавии мубодилаи модда) дар даруни орга­низм аз таъсири шароитҳои тағйирёфтаи муҳити берунӣ (рушноӣ, харо- рат, намии ҳаво, режими хӯрок ва …

Муфассал »

Мӯътаман Зайнулобидин

2

Мӯътаман Зайнулобидин (таваллудаш 1914), адабиётшинос ва нависандаи эронӣ. Аз солҳои 30 ба арсаи адабиёт қадам ниҳодааст. «Таҳавулли шеъри форсӣ» (1950) ва «Шеъру адаби форсӣ» (1953) аз ҷумлаи тадқиқоти беҳтарини у мебошавд. «Ашъори баргузидаи Соиб» ва «Гулчини Соиб»-ро ба нашр ҳозир кардааст. Романи таърихии «Ошёнаи уқоб», ки аа воқеаҳои замони Салчуқиён …

Муфассал »

Мӯъминободи поён

2

Деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузари pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон Территорияи колхози ба номи Карим Исмоилов. Аз Мӯъминибоди Поён то маркази Совети қишлоқ 1,5 км, то район 6,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 560 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахта­корӣ. Заминҳо аз канали Кофарни­ҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »