Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Мӯҳрадорҳо

2

Мӯҳрадорҳо, косасарон (Vertebrata б Craniota), ҳайвонҳои хордодор; яке аз муташаккилтарин гуруҳҳои гуногуни ҳайвонот. Мӯҳрадорҳо (40—45 ҳазор намуд) нисбат ба бемӯҳрагон (1,25—1,45 млн намуд) кам бошанд ҳам, дар ҳаёти биосфераи ҳо­зира аҳамияти калон доранд. Мӯҳрадорҳо аз рӯи хусусиятҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётӣ хеле гуногунанд Гуногунии навъҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётии Мӯҳрадорҳо …

Муфассал »

Мӯҳр

2

Мӯҳр, печат, асбоби махсусе. ки нишонаю аломатҳои фурухамидаю барҷастаи худро дар рӯи сурғуҷ, мум, коғаз, чӯб, чарм ва ғайра мегузорад. Дар гу­зашта аз санг, сафол, мис, пӯлод. бирнҷӣ, нуқра ва тилло ё сангҳои қиматбаҳо (ёқут, лаъл, фирӯза ва ғайра) Мӯҳр месохтаанд. Дар фасли «мӯҳрканӣ»-и «Матлаъ- ул-улум» зикр шу­дааст, ки мӯҳрканӣ …

Муфассал »

Мӯҳлати санҷиш

2

Мӯҳлати санҷиш дар ваҚти қабул ба кор, мувофиқи қонуни советӣ озмоиши коргар ё хизматчӣ ҳангоми ба кор қабул шудан. Мӯҳлати санҷиш ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ ҳамчун шарт қайд кар­да мешавад. Мӯҳлати санҷиш барои коргарон набояд аз 1 ҳафта, барои хизматчи- ён аз 2 ҳафта ва барои хизматчиёне, ки ба корҳои …

Муфассал »

Мӯҳлати кафолат

2

Мӯҳлати кафолат ё худ гарантия (вақти муайян ва гарантия) дар ҳуқуқи граждан и, 1) муҳлате, ки дар бадали он харидор метавонад нуқсони маҳсулот (мол)-ро муқаррар намуда, ба молсупор (фурӯшанда) даъвои дахлдори худро изҳор кунад. 2) Муҳлате, ки дар бадали он созандаи мол хизмати бенуқсону бардавоми маҳсулотро таъмин ме­намояд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ …

Муфассал »

Мӯяи зол

2

«Мӯяи зол»  (мӯя — гиря,нолаи ҳазин; зол — пир, солхӯрда), 1) оҳанги маросимии қадимӣ. ки дар асрҳои 5—6 эҷод шудааст. 2) Яке аз қисматҳои созии маком и «Сегоҳ» («Ҳафтдастгоҳ»-и Эрон), ки пас аз шӯъбаҳои «Зангула*, «Панҷаи Мӯя» ва «Хазон» меояд. «Мӯяи зол» дар қисмати созии мақоми “Чаҳоргоҳ” («Ҳафт- дастгоҳ»-и Эрон) …

Муфассал »