Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХИРМАН

NGS Picture ID:620598

ХИРМАН, харман 1) қитъаи тахту ҳамворест, ки барои кӯфтани зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворӣ, арзан, мош ва ғайра) сохтаанд. Пештар деҳқонон ҳосили галлаи ғундоштаашонро дар Xирман бо ёрии гов, аспу хар мекуфтанд ва бод карда, донро аз коҳ ҷудо мекарданд. Ҳоло хирманҳо бо мошину асбобҳои ғаллакӯбӣ ва ғайра таҷҳизонида шудаанд …

Муфассал »

ХИРВОР

ХИРВОР, харвор, боре ки як хар бардошта тавонад, ченаки вазн, ки аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ маъмул аст. Xирвор охири асри 10 дар давлати оли Буя (давлати феодалии асримиёнагӣ дар Эрон) ҷорӣ гардид ва он баробари 12 ман (дар ин давлат 1 ман 5/6 кг) буд. Вақте ки …

Муфассал »

ХИНҶАК

ХИНҶАК, пистахасак (Рistasia mutica), дарахти худрӯест аз ҷинон писта (оилаи татумиҳо). Дарахти сершоху сербарг буда, 8—20 м қад мекашад. Баргаш пармонанд, мураккаб (аз 5—9 баргча иборат); баргчааш байзашакл ё дарозрӯя (3 —5 см). Мевааш майда (диаметраш 0,5—0,8 см), сурхтоб, нохӯрданист. Хинҷак (шохчаи мевадор). Магзашро баъди бирён кардан истеъмол намудан мумкин. …

Муфассал »

ХИНОНҲО

ХИНОНҲО, дикетонҳои сиклианд, ки дар онҳо гуруҳи >С = 0 ба системаи бандҳои дучанди бо ҳам алоқаманд дохил мешавад. Xинонҳо, бӯи тез доранд, кристаллҳои рангдоранд масалан, ранги бензохи8нон (I; t гудозиш 116°С) ва 1,4—нафтохинон (II; t гуд. 128,5°С) зард, ранги 0—бензохинон (III; t гудозиш 70—80°С бо таҷзия) ва антрахинон сурх …

Муфассал »