Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САФАВИЁН

САФАВИЁН, сулолаи шоҳони давлате, ки дар Шарқи Миёна ва Наздик солҳои 1502—1736 ҳукм рондаанд. Аслан аз туркони Озарбойҷони Эронанд. Асосгузораш — Исмоили I Сафавӣ. Сафавиён давлатҳои хурди ҳудуди Эрон — Оққуйунлу, Қароқуйунлу, Шервоншоҳро муттаҳид ва салтанати мутлақи феодалӣ барпо карданд. Сафавиён дар натиҷаи сиёсати фаъолонаи дохилӣ ва берунӣ ҳудудҳои давлати …

Муфассал »

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои гуногун дорад: 1) мафҳумҳои ҳамворӣ, бисӣёррӯя, инчунин баъзе сатҳҳои каҷро дар геометрияи мактабӣ меомӯзанд. Ҳар як Сатҳи каҷ бо усули махсус, бештар чун ҷои геометрни нуқтаҳое, ки ягон шартро қонеъ мегардонанд, таъриф дода мешавад. Масалан, …

Муфассал »

САФАР

САФАР (арабӣ — тиҳӣ, холӣ), моҳи дуюми солшумории қамарии ҳиҷрӣ, ки аз 30 рӯз иборат аст. Дар ин моҳ арабҳо хонаҳои худро холӣ гузошта, ба ҷанг мерафтанд, аз ин ҷост, ки ин моҳ Сафар ном гирифтааст. Мувофиқи ақидаҳои динӣ Сафар бехосияттарин моҳ ба шумор рафта, мӯътақидони дину оин дар зарфи …

Муфассал »