Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САФАВИЁН

САФАВИЁН

САФАВИЁН, сулолаи шоҳони давлате, ки дар Шарқи Миёна ва Наздик солҳои 1502—1736 ҳукм рондаанд. Аслан аз туркони Озарбойҷони Эронанд. Асосгузораш — Исмоили I Сафавӣ. Сафавиён давлатҳои хурди ҳудуди Эрон — Оққуйунлу, Қароқуйунлу, Шервоншоҳро муттаҳид ва салтанати мутлақи феодалӣ барпо карданд. Сафавиён дар натиҷаи сиёсати фаъолонаи дохилӣ ва берунӣ ҳудудҳои давлати Эронро хеле васеъ намуданд. Ба ҳайати давлати . Сафавиён Эрон, Озарбойҷон, қисми Арманистону Гурҷистон, Кур- дистон, Луристон, қисми зиёди Афғонистони ҳозира (ба ғайр аз вилояти Балх), Ироқи Араб бо Бағдод дохил мешуданд. Солҳои аввали ҳукмронии Сафавиён ашрофони калони ҳарбии 7 қабилаи туркизабони қизилбош: шомлу, румлу, устоҷлу, туркоман, зулқадар, афшор ва қоҷор такягоҳи асосии Сафавиён буданд.
Сиёсати дохилӣ ва берунаи давлати Сафавиён ба манфиати ашрофони қабилаҳои қизилбош нигаронда шуда буд. Онҳо дар ҳаёти сиёсӣ мавқеи муҳим доштанд ва ба мансабҳои масъули маъмурию ҳарбӣ таъин мешуданд. Дар ҳаёти иқтисодӣ ва мадании давлати Сафавиён эрониён таъсири зиёде расонданд. Пойтахти давлати Сафавиён то нимаи асри 16— Табрез, баъд Қазвин ва аз соли 1598 шаҳри Исфаҳон буд. Забони расмии давлатӣ — форсӣ ва забони аҳли дарбор — форсиву туркӣ ба ҳисоб мерафт. Мазҳаби давлатии . Сафавиён шиаи дувоздаҳимомӣ буд. Рӯҳониёни шиа шоҳони Сафавиёнро ҳимоя мекарданд. Шакли маъмули заминдории феодалӣ дар давлати Сафавиён тийул буда, муваққатан ба феодалони қи- зилбош дода мешуд. Тийули давраи Сафавиён ба иқтои асрҳои 10—14 монанд аст (нигаред, Иқтоъ). Аммо заминдории феодалии меросӣ низ вуҷуд дошт, ки онро суюрғол меномиданд. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-ул-мулук* таносуби суюрғол нисбат ба тийул 1 бар 40 буд. Солҳои 60—70 асри 16 сабукиҳои ночизи андозие, ки Исмоили I ҷорӣ карда буд, бекор карда шуда, истисмори ҳунармандони шаҳр ва деҳқонон афзуд. Зиёдшавии андозҳо боиси шӯриши зиддифеодалии аҳолии Гелон (1570—1571) ва ҳунармандону камбағалони Табрез (1571—1573) шуд. Баъди марги Таҳмосии I ҳукмронӣ 1524—1576) давлати Сафавиён боз ба парокандигӣ дучор шуда, дар амал ба мулкҳои зиёд ва мустақили амирони қизилбош тақсим гашт. Дар ноҳияҳои гуногуни Эрон хуруҷҳои зиёди зиддифеодалии деҳқонон ба амал омаданд. Солҳои 1580—1584 бо сардории Қаландар шӯриши калони деҳқонон ба амал омад, ки онро феодалон бо душворӣ пахш намуданд. Аз вазъияти вазнини дохилии давлати Сафавиён истифода бурда, Туркия муваққатан вилоятҳои шимолӣ — ғарбии Эрон, феодалони ӯзбек Хуросонро зери даст карданд. Хатари паро- кандашавии давлати Сафавиён қисми зиёди феодалони қизилбошро маҷбур кард, ки дар атрофи шоҳи ҷавон Аббоси I (солҳои ҳукмрониаш 1587—1629;. Аббоси Кабир) муттаҳид шаванд. Аббоси 1 бо қувваи яроқ Эрони Сафавиро аз нав муттаҳид кард. Дар натиҷаи саркӯб ва мутеъ намудани феодалони саркаш ва қисман мусодира кардани мулкҳои онҳо масоҳати замини давлатӣ ва подшоҳӣ хеле афзуд. Даромад аз ин заминҳо ба Аббосм I имкон дод, ки ислоҳоти ҳарбӣ, маъмурӣ ва андозӣ гузаронад ва давлати Сафавиёнро мустаҳкам намояд Ба ҷои сипоҳиёни пешинаи қабилавӣ армияи нав ташкил карда, онро бо яроқи оташфишон мусаллаҳ намуд. Армияи мазкур аз се қисм — сарбозони яккачини шоҳ, туфангчиён ва тӯпчиён (ҷамъ 44 ҳазор сарбоз) иборат буд. Асоси онро аҳолии маҳаллӣ ташкил медод. Дар натиҷаи ислоҳоти маъмурӣ мамлакат ба 13 музофоти калон (бекларбекӣ) тақсим гардид, қи онҳоро бекларбекҳо идора мекарданд. Онҳо ҳокимони маъмурӣ ва ҳарбӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ҳокимияти марказӣ бар бекларбекҳо назорати қатъӣ мебурд, Шоҳ Аббоси 1 ба мақсади нигоҳ доштани қобилияти андоздиҳии аҳолӣ баъзе андозро кам ва баъзеашро муваққатан барҳам дод. Ислоҳоти ҳарбӣ, маъмурӣ ва андозии Аббоси I ба тағйирёбии таркиби сиёсии давлати Сафавиён оварда расонд. Роли ашрофони қабилаҳои қизилбош хеле суст шуда, мавқеи эрониён дар ҳаёти сиёсии давлати Сафавиён афзуд. Аббоси I сиёсати фаъолонаи берунӣ бурда, дар Ғарб бо Туркия ҷангида, дар Шарқ ба феодалони ӯзбек шикаст дод ва Озарбойҷон, Хуросону Ироқи Арабро аз нав ба давлати Сафавиён ҳамроҳ кард. Сафавиён дар аввали асри 16 португалиҳоро аз ҷазираҳои Баҳрайн ронда, мустақилияти Эронро дар соҳилҳои шимолии халиҷи Форс таъмин намуданд. Дар натиҷа охири асри 16— аввали асри 17 иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии давлати Сафавиён аф- зуда, Эрон ба яке аз пурқувваттарин давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик табдил ёфт. Дар ин вақт иқтидори Эрон пурзӯр гардид. Давлати Сафавиён дар ин давра бо Россия, мамлакатҳои Европа ва кишварҳои Шарқ муносибатҳои васеи тиҷоратӣ ва дипломатӣ дошт. Сиёсати фаъолонаи дохилӣ ва берунии Сафавиён харҷи зиёдеро талаб мекард ва боиси афзудани истисмори феодалӣ гардид. Баъди марги Аббоси 1 тийул ба мулкҳои меросии феодалон табдил ёфта, қисми зиёди заминҳои давлатӣ ва подшоҳӣ ба ихтиёри феодалон гузашт, инчунин худсарии амалдорони давлатӣ ва подшоҳӣ авҷ гирифта, давлати Сафавиён аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ рӯ ба таназ- зул ниҳод. Аҳолӣ қашшоқ гардида, шӯришҳои калони зиддифеодалии аҳолии Гелон (1629), Қазвип (1632) ва ғайра сар заданд. Таназзули давлати Сафавиён дар давраи ҳукмронии шоҳ Султон Ҳусайн (солҳои ҳукмрониаш 1694—1722) авҷ гирифт. Дар ин давра андозҳо 2—3 баробар афзуда, мамлакат дучори низоъҳои феодалӣ гардид. Қабилаҳои зиддисафавии шуришгари афғон (1709—1722) бо сардории Мир Вайс соли 1722 пойтахти давлати Сафавиён — шаҳри Исфаҳонро зери даст карданд. Закавказия ва қисмп ғарбии Эронро Туркия истило намуд. Таҳмосии 11 (солҳои ҳукмрониаш 1722—1732) вилоятҳои Наздикаспийро ба Россия гузашт кард. Дар мубориза ба муқобили афғонҳо ва туркҳо сарлашкари Сафавиён – Нодир фаъолияти беназир нишон дода, дар амал соҳиби тахту тоҷ шуд. Қурултои феодалон январи 1736 дар дашти Муғон ҷамъ омада ба ҷои Аббоси 111 (солҳои ҳукмрониаш 1732—1736) Нодирро шоҳ интихоб нашуд. Ҳамин тавр ҳукмронии зиёда аз 200-солаи сулолаи Сафавиён дар Эрон ба охир расид. Шоҳони сулолаи Сафавиён : Исмоили I (1502—1524), Таҳмосии I (1524—1576), Исмоили II (1576—1577), Муҳаммади Худобанда (1578—1587), Аббоси I (1587—1629), Сафии I (1629 —1642), Аббоси II (1642—1666), Сулаймон (1666—1694), Султонҳусайн (1694 —1722), Таҳмосии II (1722—1732, Аббоси III (1732—1736).
Адабиёт: Б у ш е в П. Пм История посольств и дипломатических отношений Русского и Иранского государств в 1586 —1612 годов, Москва, 1976; Бабаев К., Военная реформа шаха Аббаса I (1587—1629).
— «Вестник Московский Государственный Университет». Серия’ Востоковедение,1973, N 1; ҳамон муаллиф, К Хассе («личные земельные владения) шах Аббаса I (1587—1629).— «Вестник Московский Государственный Университет ». Серия Востоковедение, 1973, №2. И. Бобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …