Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Ниёзӣ

1

Ниёзӣ, навъи дерпазаки зардолу, аcocaн дар баъзе районҳои вилояти Ленинобод мерӯяд. Дарахташ сершох, аз ҳар бехаш 350—380 кг ҳосил мегиранд. Мевааш сершираву ширин (то 16,5%’ қанд дорад), вазни миёнаи ҳар донааш 32—35 г. Дарахташ то 50 сол умр мебинад. Ад.: пулат о в А., Таджикский аб­рикос, Д., 1976.

Муфассал »

Ниёзӣ Шавкат Норович

Ниёзӣ Шавкат Норович (1905, Бухоро — 1962, Душанбе), забоншиноси советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аз падару модар ятим монда дар хонаи бачагон  тарбият ёфтааст. Баъди хатми таҳсили солҳои 1927—1930 аввал дар Душанбе ва Самарканд муаллими карда, байни солҳои 1930—1939 аввал дар омӯзишгоҳи педагогӣ, баъд дар Институти муаллимии Тошкент дарс додааст. …

Муфассал »

Ниёзӣ Шавкат Муҳаммадович

Ниёзӣ Шавкат Муҳаммадович (19. 12- 1927, шаҳри Самарқанд), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Бародари нависанда Ф. Ниёзӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. Коркуни Хизматнишондодан Маданияти РСС Тоҷикистон (1976). Коркуни Хизматнишондодаи Маданняти РСФСР (1978). Институти давлатии педагогии Душанберо хатм намудааст (1948). Солҳои 1948—1957 дар институти мазкур муаллим буд …

Муфассал »

Ниёзӣ Фотеҳ

1

Ниёзӣ Фотеҳ (таваллудаш 18. 04. 1914, Са­марқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1941. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1970). Иштирокчин Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945). Омӯзишгоҳи педагогӣ (1929) ва шӯъбаи шабонаи Институти педагогии Тошкентро (1950) хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиаш аз ибтидоисолҳои 30, аз кори идораи …

Муфассал »

Ниёзӣ Нурмуҳаммад

1

Ниёзӣ Нурмуҳаммад (Н и ё з м а т о в Нурмамат; таваллудаш 03. 01. 1947, райони Хуҷанди вилояти Ленинобод), шоири советии тоҷик. Аа оилаи коргар. УДТ-ро соли 1969 хатм кардааст. Ходими адабии газетаи «Пионери Тоҷикистон», муаллими забони русии мактаби миёна, ходими адабӣ, муҳаррири калони Комитети вилоятии радио ва телевизиони …

Муфассал »