Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нодирпур Нодир

0

Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 барои идомаи таҳсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омӯхтани адабиёти франсавӣ машғул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарҳанг ва ҳунар кор кард. Солҳои 1965—1968 дар Франсия …

Муфассал »

Нодирии Самарқандӣ

Нодирии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1588), шоири тоҷик. Нодирии Самарқандӣ аз донишмандон ва шоирони намоёни Самарқанд бу­да, дар мадҳу таърифи Низом ном шахсе бисёр шеър гуфтааст. Баъд аз носозгориҳои рӯзгор дилгир шуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Ба дар­бори Ҳумоюн роҳ ёфт ва дар мадҳи ӯ қасидахо дорад. Мероси адабии Нодирии …

Муфассал »

Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ

Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ (соли  таваллудаш номаълум— вафоташ 1549), шоири форс- тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, дар Самарқанд камол ёфтааст. Аз ин рӯ нисбаи «Самарқандӣ» низ гирифтааст. Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ дар аввали умраш ба ҳунармандӣ ва косибӣ машғул буд. Баъдтар ба омӯзиши илму донит пардохт ва ҳамчун шахси донишманд шинохта …

Муфассал »

Нодира Моҳларойим

0

Нодира (тахаллусаш; номаш Моҳларойим; 1792, Андиҷон —1842, Хӯҷанд), шоираи ӯзбеку тоҷик. Аз оилаи ашроф. Завҷаи Умархони Амирӣ (1809—1922). Ба ӯзбекӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Шеърҳои тоҷикиашро бо тахаллуси «Макнуна» ё «Комила» менавишт. Баъд аз вафоти Умархон писари 14-солаи ӯ Муҳаммадалихон ба тахт нишаст. Лекин давлатро асосан Нодира идора мекард. Ӯ …

Муфассал »

Нодир Шанбезода Ҷамшед

0

Нодир (тахалл.; фамиля ва номаш Шанбезода Ҷамшед; таваллудаш 20.6. 1908, деҳаи Роштқалъаи pайони Шуғнони ВАБК), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли КПСС аз соли 1931. Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кард (1932). Солҳои 1933 —1940 дар вазифаҳои котиби Комитети партиявии райони Шуғнон, мудири шӯъбаи Комитети нартиявии …

Муфассал »