Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нодир Шанбезода Ҷамшед

Нодир Шанбезода Ҷамшед

Нодир (тахалл.; фамиля ва номаш Шанбезода Ҷамшед; таваллудаш 20.6. 1908, деҳаи Роштқалъаи pайони Шуғнони ВАБК), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли КПСС аз соли 1931. Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кард (1932). Солҳои 1933 —1940 дар вазифаҳои котиби Комитети партиявии райони Шуғнон, мудири шӯъбаи Комитети нартиявии ВАБК, инструктори КМ ПК Тоҷикистон, мудири шӯъбаи матбуот ва нашриёти КМ ПК Тоҷикистон. Раиси Комиҷроияи советӣ депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Душанбе, мудири шӯъбаи маданияти ВАБК буд.

Аз соли 1940 ба кори журналистӣ гузашт: муҳаррири журналҳои «Коркуни партиявӣ», «Бо роҳи Ленин», газетаи «Бадахшони Советӣ». Солҳои 1962—1968 муҳаррири «ашриёти «Ирфон». Аз соли 1970 корманди Сарредаксияи илмии ЭСТ. Маҷм. нахустинаш — «Ғунчаи Бадахшон» (1938). Муаллифи маҷм. шеър­ҳои «Аз Боми Ҷаҳон» (1961), «Силсилаи Бадахшон» (1964), «Навои Бадахшон» (1968), «Армуғони дил» (1975), «Мунтахабот» (1979), достонҳои «Насрин ва Майсур» (1964), «Таронаи нур» (1966), «Химча ва Набот» (1969). Ашъори шоирони украин, белорус, озар, қазоқ ва дигаронро ба тоҷики гардондааст. Мунтахаби ашъори Ҳофизи Шерозӣ (1961), Эраҷ Мирзо (1963), китоби «Ҳазору як шаб» (ҷ-ҳои 4—6, 1963—64) ва ғаалиёти Сайидоро (1977) ба нашр ҳозир кард. Аз соли 1940 узви ИН СССР. Бо якчанд медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …