Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нохунон

0

Нохунон, д а ­ғ а л п ӯ с т ӣ, сахт ва да ға л ш а в и и пӯст, тасаллуби (интисоби) ҷилд, ки ба истилоҳи д е р м а т о с к л о р о л машҳур аст.

Муфассал »

Нохуна

Нохуна

Нохуна нохуншакл), 1) пардаи гӯшмонанди сафедтобест, ки дар гӯшаи чашм аз тарафи бинӣ падид меояд ва ба тадриҷ авч гирифта сӯи сиёҳии чашм ҳаракат мекунад. Агар илоҷ накунанд, сиёҳии чашмро фаромегирад ва чашмро кур мекунад. Ҳаракати он ба монанди расидани нохун мебошад. 2) бемориест дар аспу хар.

Муфассал »

Нохун

0

Нохун 1) бофтаи шоҳии нӯги ангушт. Нохун аз нӯг (канори заёде, ки дар болои болиштаки панҷа ҷаста баромадааст), тана ва реша иборат аст. Дар асосаш ҷӯякча воқеъ аст, ки аз он Нохун мунтазам (дар одам бо ҳисоби миёна дар як моҳ тақрибан 3 мм) дароз мешавад. Иллати Нохун якчанд хел …

Муфассал »

Кӯли Нофин

0

Нофин, кӯлест дар дараи Шинги райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Ҳисор, дар қисми миёнаоби дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Моғиён, ҳавзаи Зарафшон) воқеъ гаштааст. Баландии кӯл аз сатҳи баҳр 1779 м. Масоҳаташ 0,50 км2, т ӯ л и он 2750 м, бараш ба ҳисоби миёна 182 м, …

Муфассал »

Деҳаи Нофароҷ

Нофароҷ деҳаест дар pайони Уротеппаи вилояти Ленинобод, маркази С. К. Нофароҷ. Территорияи совхози «Шаҳристон- 3». Аз Нофароҷ то маркази район 11 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 580 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Нофароҷ мактаби миёна, пункти тиббӣ, ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорию ғаллакорӣ. Замниҳо аз оби сои Навобод обёрӣ мешаванд.

Муфассал »