Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Обпарто

0

Обпарто, 1) иншооти о б п а р т о, иншооти гидротехникист, ки оби зиёдатии обанбор хориҷ меша­вад. Обпарто сурохиҳои болоӣ (дар теғаи дарғот) (нигаред Обрез), поёнӣ ё қаърӣ ва дутабақа (болоию поёнӣ) до­рад. Тартиби обсардиҳиро аз Обпарто бо ёрии садд ба танзим медароранд. Баъзеи Обпартоҳо автоматӣ (масалан, Обпартои сифонӣ …

Муфассал »

Обон

0

Обон номи моҳи ҳаштуми со­ли шамсӣ, ки ба 23 октябр— 21 ноябр рост меояд.

Муфассал »

Деҳаи Ободӣ

0

Ободӣ, деҳаест дар Совети қишлоқи Гулисурхи райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Роҳи Ленин». Аз Ободӣ то маркази Совети қишлоқ ва район 2 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 835 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, пункти тиббӣ ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, обчакорӣ, боғу токдорӣ. Заминҳо аз обанбори …

Муфассал »

Деҳаи Ободончилик

0

Ободончилик, деҳаест дар Совети қишлоқи Заргари район Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Максим Горкий. Аз Ободончилик то маркази Совети қишлоқ 1 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Шаҳри Ободон

Ободон, шаҳрест дар ҷануби ғарби Хузистони Эрон. Дар соҳили дарёи Шаттулараб, 50 километр дуртар аз халиҷи Форс воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 301 ҳазор нафар (1975). Ба бандари Ободон киштиҳои уқёнусӣ низ дохил мешаванд. Дар шаҳр калонтарин заводи нефттозакунӣ (иқтидори солонааш қариб 30 миллион тонна) кор мекунад. Аз Ободон ба шарҳҳои Теҳрон …

Муфассал »