Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РИСОЛАИ КОСИБОН

РИСОЛАИ КОСИБОН, рисола (устав)-и навишта ё нонавиштаест, ки доир ба пайдоиши касбу ҳунари мухталиф, қоидаи қабули шогирд, сохти касаба, маълумоти гуногун медиҳад. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар шаҳрҳои Осиёи Мйёна косибону ҳунармандон ба касаба (ҷамъиятҳои пешаварон) муттаҳид мешуданд, ки онҳо рисолаи хосса доштанд. Рисолаи косибон вобаста ба касбу ҳунари …

Муфассал »

«РИСОЛАИ АБУҲАФСИ СУҒДӢ»

«РИСОЛАИ АБУҲАФСИ СУҒДӢ» аввалин фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ-форсии дарӣ, ки ба мо нарасидааст. Таъли- фаш тахминан ба нимаи якуми асри 10 (рост меояд. Азбаски дар фар- ҳангҳои «Маҷмаъ-ул-фурс»-и Сурурӣ ва «Фарҳанги Рашидӣ» аз «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» чанд иқтибос овардаанд, гумон меравад, ки он то асри 17 ба фарҳангнависон дастрас будааст. …

Муфассал »

«РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНҒИТИЯ» асари Аҳмади Дониш

«РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНҒИТИЯ» асари Аҳмади Дониш, ки дар он ақоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва маорифпарварии ӯ баён ёфтаанд. «Рисола» муаллафаи нотамом ва беном буда, дар адабиёт бо унвонҳои мухталиф — «Тарҷумаи ҳоли амирони манғития», «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре, аз таъриҳи салтанати хонадони манғития» …

Муфассал »

«РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИҚӢ» рисолаи мусиқӣ, таълифи Маҳмуд ибни Муҳаммади Нишопурӣ (1842). «Рисола» аз муқаддима ва 5 боб иборат аст. Дар муқаддима муаллиф аз мақоми илми мусиқӣ сухан ронда, ба устодони пешини ин илм сипосгузори мекунад. Фасли аввал «Дар баёни 12 парда» (мақом) буда, аз дувоздаҳ мақоме, ки дар Хуросон …

Муфассал »

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАҒАМОТИ МАРҒУБ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАҒАМОТИ МАРҒУБ» рисолаи мусиқӣ. Асри 17 дар Бухоро ба забони тоҷиқӣ таълиф ёфтааст. Муаллифаш номаълум. «Рисола» аз муқаддима ва чор мақом (фасл) иборат аст. Муқаддимаи рисола масъалаҳои фаҳмиши мусиқӣ, ривоятҳо доир ба таъсирнокии мусиқӣ ва мавқеи он дар ҷамъият, истифодаи мусиқӣ дар маросиму …

Муфассал »