Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИҚӢ» рисолаи мусиқӣ, таълифи Маҳмуд ибни Муҳаммади Нишопурӣ (1842). «Рисола» аз муқаддима ва 5 боб иборат аст. Дар муқаддима муаллиф аз мақоми илми мусиқӣ сухан ронда, ба устодони пешини ин илм сипосгузори мекунад. Фасли аввал «Дар баёни 12 парда» (мақом) буда, аз дувоздаҳ мақоме, ки дар Хуросон маъмул буд: «Рост», «Мухолифи Рост», «Ироқ», «Мухолифак», «Ҳусайнӣ», «Бузург», «Исфаҳон», «Модда», «Буслик», «Наво», «Наҳованд», «Ушшоқ» маълумот медиҳад. Фасли дуюм «Баёни 12 парда, шаш овоза, 24 шӯъба», ки аз тарзи истихроҷ ва макони мақомҳо, алоқаи мақомҳо бо бурҷҳои фалак ва аз муносибати овозаю шӯъбаҳо баҳс мекунад. Фасли сеюм «Дар баёни бонгҳои мусиқӣ» буда, дар хусуси 18 бонги мусиқӣ ва тартиботи бонги мақомҳои алоҳида маълумот медиҳад. Фасли чорум «Дар таъини мақомҳо» буда, аз хусуси маҳалли иҷрои мақомҳо, барои кадом тоифаи мардум мувофиқ будани ин ё он мақом, нигоҳ доштани низом дар вақти иҷро ва дигар масъалаҳо баҳс мекунад. Фасли панҷум масъалаҳои риояи ахлоқи ҳунарварӣ, вобаста ба ҳолат ба гурӯҳҳо ҷудо кардани сомеон, вобаста ба пеша, шавқу ҳавас, мизоҷ ва ғайра инти- хоб намудани мусиқиро дар бар мегирад. Як нусхаи рисола дар Шӯъ- баи ленинградии дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР таҳти рақами С 612 (ЛЛ 27 6-28 б) маҳфуз аст.
А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …