Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАҒАМОТИ МАРҒУБ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАҒАМОТИ МАРҒУБ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ИСТИМОЪИ АСВОТИ ХУБ ВА НАҒАМОТИ МАРҒУБ» рисолаи мусиқӣ. Асри 17 дар Бухоро ба забони тоҷиқӣ таълиф ёфтааст. Муаллифаш номаълум. «Рисола» аз муқаддима ва чор мақом (фасл) иборат аст. Муқаддимаи рисола масъалаҳои фаҳмиши мусиқӣ, ривоятҳо доир ба таъсирнокии мусиқӣ ва мавқеи он дар ҷамъият, истифодаи мусиқӣ дар маросиму идҳо ва ғайраро дар бар мегирад. Мақом (фасл)-и аввал «Дар баёни идми мусиқӣ» ном дорад. Дар мақоми дуюм («Дар баёни «Дувоздаҳмақом») аз таърихи ташаккули мақомҳо, ривоятҳо доир ба пайдойши онҳо, хизмати мусиқидонони пешин дар пешрафти назария ва амалияи мусиқӣ, роҳу усули ҳосил кардани мақомҳо ва аз чанд нағма иборат будани онҳо ва ғайра сухан меравад. Муаллиф назарияи афлотуниёнро роҷеъ ба робитаи 12 бурҷи фалак ва аз ҳаракати онҳо хориҷ кардани 12 мақому 24 шӯъба ва ё овоза зикр карда, таъкид менамояд, ки мақомҳо маҳсули таҷрибаи ҳаётии инсон аст ва он ба ҷирмҳои фалакӣ нисбате надорад. Дар мақоми сеюм, ки «Усул ва баёни усул» ном дорад, муаллиф масъалаҳои таркиботи усул, миқдор ва давраҳои ташаккули он ва муносибати ба овози паррандаю ҳайвон доштаи ҳар усулро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар рисола бисёр зарбҳое маънидод шудаанд, ки дар дигар рисолаҳои мусиқӣ дучор намешаванд. Дар мақоми чорум («Дар баёни созҳои мусиқӣ») гузоришоте доир ба созҳои танбӯр, чанг, қонун, уд, барбат, чағона ва ғайра оварда шудааст. Як нусхаи ин рисола дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Ӯзбекистон таҳти рақами 1466/1 маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …