Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самар­қандӣ

Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самар­қандӣ, ҳофиз, навозанда, бастакор ва мусиқишиносӣ асри 15 тоҷик. Зодгоҳаш Самарқанд. Аз ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ҳавас пайдо карда, аз устодони номии созу овоз ҳунар омӯхтааст. Паҳлавон аввал бо гуштингирӣ рӯз мегузаронидааст. Аз Султонмуҳаммади Удии Самар­қандӣ позукиҳои санъати мусиқиро азхуд намуда, дар навохтани уд, сурудхонӣ маҳорати тамом …

Муфассал »

Паҳлавон Маҳмуд

pahlavon-mahmud

Паҳлавон Маҳмуд (1247, Хоразм-1326, Хева), шоири форс-тоҷик. Таълими ибтидоиро дар Хёва гирифта, ҳунари пӯстину телнакдӯзиро низ омӯхтааст. Баъдтар сафари шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Эронро ихтиёр намуда, дар ин кишварҳо ҳамчун паҳлавони машҳур ном баровард. Дар Хева аз олам даргузашт. Мақбарааш дар шаҳр барҷост. Паҳлавон Маҳмуд бо тахаллуси  «Қитолӣ» ғазал …

Муфассал »

Паҳлавон

Паҳлавон, деҳаест дар Совети қишлоқ Сармантойи райони Панҷ, вилояти Қурронтеппа. Территорияи колхози «Маданият». Аз Паҳлавон то маркази Совети қишлоқ 6 км, то район 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1460 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарё Панҷ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Паҳлавон Абусаиди Румӣ

Паҳлавон Абусаиди Румӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз. навозанда ва мусиқишиноси асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Рум. Паҳлавӣ илмҳои бадеъ, фалсафа ва риёзиётро мукаммал омӯхта, доир ба саноеи бадеӣ ва мусиқӣ рисолаҳо таълиф кард. Барои такмили ҳунару дониш ба Ҳирот омада, бо Дарвеш Шоҳӣ ҳамкорӣ кардааст. Аз таснифоташ «Амали Рост» …

Муфассал »

Паҳлавиён

Паҳлавиён, сулолаи шоҳони Эрон (1925—1979). Ризошоҳи Паҳлавӣ (1878—1944) асосгузори Паҳлавиён буд. Ӯ диктатураи буржуазию помешикиро барқарор намуда, дар соҳаи заминдорӣ, суд, молия, савдо, маданият ва ғайра. ислоҳот гузаронд (1925—1930). Ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш, фаъолияти Партияи Коммунистии Эронро манъ карда (1931), сиёсати шовинистиро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Ризошоҳ муносибати Эрон …

Муфассал »