Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЗОРИ ҚОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

rinok-sennix-bumag

БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК, ташкилоте, ки ва­зифаи он фароҳам овардани шароити мусоид барои гар­диши мунтазами коғазҳои қиматнок ва муқаррар кардани нархи бозории онҳо, паҳн намудани маълумот дар бораи коғазҳои қиматнок, боло бурдани савияи касбии иштирокдорони бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра мебошад.

Муфассал »

БОЗОРИ ЗАМОНАТӢ

bozori-zamonati

БОЗОРИ ЗАМОНАТӢ, бозори ипотекӣ, бозори дуюмин, ки қисми бозори сармоя мебошад. Вазифаи асосии Бозори замонатӣ таъмини маблағгузории қарзҳои замонатӣ аст. Дар Бозори замонатӣ коғазҳои қиматноки замонатӣ – гаравнома (гаравхат), вомбаргу тасдиқномаҳои замонатӣ, шаҳодатномаҳои гарав ва ғайра дар гардиш мебошанд. Коғазҳои қимат­ноки замонатиро муассисаҳои махсусгардонида, ширкатҳои истеҳсолию молиявӣ (корпоратсияҳо, фондҳо, агентиҳо) …

Муфассал »

БОЗОРИ ДОХИЛИИ ҚОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

rinok

БОЗОРИ ДОХИЛИИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК, нашр ва фурӯши коғазҳои қиматнок дар як мамлакат. Ба маънии маҳдуд Бозори дохилии коғазҳои қиматнок қисми бозори дохилии миллӣ буда, тариқи барориш ва савдои коғазҳои қиматноки резидентҳоро ифода мекунад.

Муфассал »

БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ

bozor-karz

БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он сармояи қарзӣ, маблағҳои пулӣ ба мизоҷон бар ивази гирифтани фоиз ва дар муҳлати муайян баргардондани онҳо дода мешавад. Он бозори муносибатҳои қарзии танзимшаванда буда, ҳамкории ду нафар, яъне қарздиҳанда ва қарзгирандаро му­айян мекунад. Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ амалиёти зеринро дар бар …

Муфассал »

БОЗОРИ АСЪОР

bozori-asor

БОЗОРИ АСЪОР, силсилаи муносибатҳои устувори иҷтимоӣ-иқтисодию созмонӣ, ки ҳангоми харидан ва (ё) фурӯхтани асъори хориҷӣ, хуҷҷатҳои пулии асъори хориҷӣ, инчунин амалиёт оид ба гардиши сармояи маблағгузорони хориҷӣ ташаккул меёбад. Дар Бозори асъор мувофиқати манфиатҳои маблағгузорон, фурӯшандаҳо ва харидорони асъори гаронбаҳо ба амал меояд. Саррофӣ (заршиносӣ ва ивазкунии пул) дар Осиёи …

Муфассал »