Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич

images

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич (24.6.1950, деҳаи Домбраи ноҳияи Восеъ – 4.2.2006, Душанбе), риёзидони тоҷик, академики АИ Тоҷикистон (2001). Хатмкар­даи факултаи механикаву математикаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломо­носов (1971), солҳои 1971-74 аспиранти ҳамин университет буд. Соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асимптотикаҳои спектралии операторҳои …

Муфассал »

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович

images

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович (таваллуд 12.6.1945, Ленинобод), иқтисоддон, профессор (1991), доктори иилмҳои иқтисод (1998). Хатмкардаи УДТ (1966). Солҳои 1966-84 корманди илмӣ, мудири шуъба ва директори Филиали тоҷикистонии Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши талабот ва вазъи савдо дар шаҳри Душанбе, 1984- 2001 ходими илмӣ ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ …

Муфассал »

БОЙЛ Ҷон Эндрю

images

БОЙЛ Ҷон Эндрю ( 10.3.1916-19.11.1978, Манчестер), шарқшиноси англис. Профессори Донишгоҳи Манчестер (1966). Падараш китобфурӯшу китобшинос буд, осори адабиро аз забонҳои лотинӣ, фаронсавии қадим, испониёӣ, пор- тугалӣ ба англисӣ тарҷума мекард. Бойл таҳсили ибтидоиро дар назди падараш оғоз  карда, забонҳои лотинӣ ва юнониро омӯхт. Дар Донишгоҳи шаҳри Бирмингем як сол забони …

Муфассал »

БОЙЛ Роберт

robert-boyl

БОЙЛ Роберт (25.1.1627, Лисмор, Ирландия – 30.12. 1691, Лондон), физик ва кимиёдони англис. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст. Дар синни 12-солагӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Женева фиристода шуда, сипас, дар вақти саёҳат ба Итолиё ва Фаронса маълумоташро мукаммал кардааст. Баъди бозгашт ба Ирландия аз соли 1654 дар Оксфорд маскун …

Муфассал »

БОЙҚИШЛОҚ

kishlok

БОЙҚИШЛОҚ, деҳа дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ноҳияи Турсунзода. Аз Бойқишлоқ то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2143 нафар (2013), Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, китобхона, боғчаи бачагон, нуқтаҳои савдои хусусӣ до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, кирмакпарварӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз деҳаҳои Ширкент ва Қаратоғ обё­рӣ мешаванд.

Муфассал »