Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОНИФАСИО Андрес

bonifacio

БОНИФАСИО Андрес (29.11.1863, Манила – 10.51897, Марогондон, музофоти Кавит), яке аз роҳбарони ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ ва Қаҳрамони миллии Филиппин. Ҳангоми фаъолияти худ дар яке аз ширкатҳои англисӣ дар Манила бо ақидаҳои истиқлолхоҳии X. Рисил ошно шуда, ба Лигаи Филиппин дохил гардид. Ҳамчунин Бонифасио дар ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ислоҳоти сиёсӣ ширкат дошт. …

Муфассал »

БОНИТИРОВКА

bonitirovka

БОНИТИРОВКА (аз лотинӣ bonitas – хушсифатӣ), 1) баҳодиҳии қиёсию сифатӣ ба хок чун воситаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ. Бонитировка бо нишондодҳои миқдорӣ ифода ёфта, асоси онро хосияти хок ва дараҷаи ҳосилхезӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми Бонитировка хосияти хок (ғафсии қабати гумус, ғурӯшанокӣ, порухок, моддаҳои ғизоӣ, карбонатҳо, реаксияи муҳит, хосиятҳои физикӣ, шӯрӣ, …

Муфассал »

БОНИТЕТИ БЕША

bonitas

БОНИТЕТИ БЕША (аз олмонии bonitat, лотинӣ bonitas – хушсифатӣ, хушсифат будан), нишондоди маҳсулнокии беша, ки ба муҳити иқлиму хок вобастагӣ дорад. Бонитети бешаро аз рӯйи баландии миёнаи дарахтон муайян мекунанд, ки барои бозрасии хоҷагӣ ва ташкилу танзими хоҷагии ҷангал муҳим аст. Ҷадвали ба бонитет ҷудо кардани дарахтзорро аввалин бор олими …

Муфассал »

БОНИСТИКА

bonistika

БОНИСТИКА (фаронсавӣ bonistigue), илми ёрирасони фанни таърих, ки пули коғазӣ ва бонҳои аз гардиш баромадаро ҳамчун санади таърихии инъикоскунандаи вазъи иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа меомӯзад. Бонистика дар оғози асри 20 ба вуҷуд омада, бо нумизматика робитаи зич дорад.

Муфассал »

БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович

bondarchuk

БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович (20.9.1920, деҳаи Белозёркаи вилояти Херсони Украина – 20.11.1994, Мас­кав), коргардони кино, ҳунарпеша ва сенариянависи шӯ­равӣ, Артисти халқии ИҶШС (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Ростов (1941) ва факултаи актёрии Институти давлатии умумииттифоқии маданияти шаҳри Маскав (1948). Ширкатдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Нақши аввалинро дар …

Муфассал »