БОНИФАСИО Андрес (29.11.1863, Манила – 10.51897, Марогондон, музофоти Кавит), яке аз роҳбарони ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ ва Қаҳрамони миллии Филиппин. Ҳангоми фаъолияти худ дар яке аз ширкатҳои англисӣ дар Манила бо ақидаҳои истиқлолхоҳии X. Рисил ошно шуда, ба Лигаи Филиппин дохил гардид. Ҳамчунин Бонифасио дар ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ислоҳоти сиёсӣ ширкат дошт. Баъди барҳамхурии Лигаи Филиппин бо мақсади сарнигун сохтани низоми мустамликавии Испания дар Филиппин Бонифасио Анҷумани миллигароии Катипунинро (1892) дар шаҳри Манила таъсис дод, ки соли 1896 шумораи аъзои он ба 100 ҳазор расид. Бонифасио барномаи Катипунинро бо номи “Даҳ васияти фарзандони ватан” таҳия кард, ки ҳадафи сарнигун кардани низоми мустамликавии Испанияро дар Филиппин дошт. Дар оғози воқеаҳои инқилобии Филиппин (1896) Бонифасио яке аз сарварони он ба шумор мерафт, вале дар муҳорибаҳои ҳарбии зидди Испания муваффақ нагардид. Минбаъд дар муборизаҳои инқилобӣ яке аз ҳамсафони ӯ Э. Агиналдо шуҳрат пайдо карда, Бонифасио расмияти президент эълон гардидани ӯро (1897) эътироф накард. Бонифасио дертар ба ҳукми қатл маҳкум гардид, баъдан ҳукмаш ба маҳбаси доимӣ иваз шуд ва дар зиндон фавтид. Ҳар сол рузи 30 ноябр бузургдошти Бонифасио дар Филиппин таҷлил карда мешавад. Бонифасио шоир ҳам буд ва аз ӯ осори манзуми ватандустона боқӣ мондааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …