Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОСМАЧИГӢ

bosmachigi

БОСМАЧИГӢ (аз туркӣ босмоқ – зер карда гирифтан, пахш кардан), унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳонаи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили хокимияти шӯроҳо дар солҳои 1918-35. Босмачиён ху­дро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Руссия монанд дониста, бо забони маҳаллиёни ҶМШС Туркистон онҳоро бо калимаи «босмоқчӣ» ба …

Муфассал »

БОСМА

bosma

БОСМА, навъи нақши чопӣ дар санъати ороишию амалӣ. Усули Босма дар гулпартоии матоъ васеъ истифода мешавад. Мизробӣ, дароз, донача, зирадӯзӣ, даврапоя ва ғайра навъҳои маъмултарини усули Босма ҳисоб меёбанд. Босмаро дар кулолӣ низ ба кор мебаранд. Барои ороиш кулол аввал дар чубу резина нусхаҳои гулро меканад. Ба воситаи ин муҳраҳо …

Муфассал »

БОСҚУНҶОҚ

kul

БОСҚУНҶОҚ, кӯли шӯр дар вилояти Астрахани Федератсияи Руссия, 50 километр шарқтар аз дарёи Волга, дар назди кули Боғдои Калон. Масоҳат 106 километр2. Босқунҷоқ аз сатҳи баҳр 19,5 метр пасттар буда, дар натиҷаи ҳодисаи тектоники пайдо шудааст. Манбаи чашмаҳои шӯри соҳил ва боришот. Аз Босқунҷоқ ҳар сол бо усули механикӣ 4 …

Муфассал »

БОСИТ

al-basit

БОСИТ, ал-Босит (густаранда ва паҳнкунанда), яке аз номҳои Худованд. Дар фарҳанги истилоҳоти шаръӣ Босит ҳамроҳ бо калимаи Қобиз якчо барои ифодаи қабзу баст, кашишу кушоиш ва бахшишу маҳрумият дар ҳама чизи моддӣ ва маънавӣ ба кор рафтааст. Корбасти ин маъно аз сӯи Қуръони карим дар сифоти Худованд тамоми паҳнои зиндагонии …

Муфассал »

БОСИРА

bosira

БОСИРА, биноӣ, қувваи биниш, яке аз ҳиссҳои панҷгона; қобилияти дарки андоза, шакл ва ранги ашё, ҷойгирӣ ва масофаи байни онҳо. Чашми инсон фақат мавҷҳои нури дарозиашон тақрибан аз 390 то 760 нм-ро дарк мекунад. Бинобар ин, одам нурҳои дарозиашон кам (ул- трабунафш) ё зиёд (инфрасурх)-ро дида наметавонад. Нури рӯшноии ашё …

Муфассал »