Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОСТОН

boston

БОСТОН, шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Массачусетс; яке аз марказҳои асосии саноатӣ, тиҷоратӣ-молиявӣ, илмӣ ва фарҳангии ИМА. Дар соҳили халиҷи Массачусетси Уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи дарёи Чарлз воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 625 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш зиёда аз 5,9 млн нафар, 2012). Марказӣ бузургтари¬ни нақлиётии шимоли шарқи ИМА; бандари муҳимми …

Муфассал »

БОСТОН

deha

БОСТОН, деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов (собиқ Дӯстӣ)-и шаҳри Вахдат. Аз Бостон то маркази шаҳри Вахдат 8 километр; роҳ асфаптпӯш. Аҳолиаш 1721 нафар (2012). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказӣ саломатӣ, ошхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёҳои Кофарниҳон …

Муфассал »

БОСНИЯ ВА ҲЕРСЕГОВИНА

bosniya-va-hertsogovina

БОСНИЯ ВА ҲЕРСЕГОВИНА (Bosna I Hercegovina), Ҷумҳурии Босния ва Ҳерсоговина, давлат дар қисми ҷанубӣ шарқии Аврупо, дар нимҷазираи Балкан. Бо Хорва­тия, Сербия ва Черногория ҳамсарҳад аст. Дарозии хатти сарҳадаш дар хушкӣ 1459 километр. Ба Баҳри Адриатика роҳ дорад. Масоҳат 51129 километр2. Аҳолиаш 3,8 млн нафар (2012). Пойтахташ шаҳри Сараево (Са­рой). …

Муфассал »

БОСНИҲО

bosniho

БОСНИҲО, яке аз халқиятҳои славянҳои ҷанубӣ, ки дар давраи империяи Усмонӣ бар асари ба ислом рӯ овардани славянҳои Босния пайдо шуда, асосан дар Бос­ния ва Ҳерсоговина умр ба сар мебаранд. Аксари кулли диндорон мусулмонони суннимазҳаб ва теъдоде аз онҳо масеҳиёни православ мебошанд. Забонашон босниягист. Дар саршумори аҳолӣ дар Югославияи собиқ …

Муфассал »

БОСНАВӢ Саройӣ

images

БОСНАВӢ Саройӣ, Муҳаммад ибни Мусо (1595, Сараево – 1635 ё 1636, Румайло, Туркия), мулаққаб ба Алломак, муфассир ва фақеҳи босниёӣ. Таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи Қозӣ Хусравбеки Сараево гирифта, сипас барои такмили таҳсилот ба Истанбул рафт. Дар он ҷо ҳамзамон бо таҳсил ба шарҳи осори гузаштагон низ машғул буд, то ин …

Муфассал »