Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҲИРӢ Нозирҷон

images

БОҲИРӢ Нозирҷон (Боҳиров Нозирҷон, 12.08.1940, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом), шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1991), Аълочии мао­рифи халқи Тоҷикистон (1985). Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (1964). Ходими адабии газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон», 1964-66), газетаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз», 1967-74), ходими адабӣ, мудири шуъба ва …

Муфассал »

БОҲИЛӢ машҳур ба Аҳмад ибни Ҳотам

images

БОҲИЛӢ машҳур ба Аҳмад ибни Ҳотам (фавт 1443), луғатшинос ва нависандаи араб. Аз шогирдони Асмай, Абуубайда ва Абузайди Ансорӣ. Дар Бағдод таҳсилу зиндагӣ карда, барои такмили дониш ба Исфаҳон меояд. Ба Бағдод баргашта, ба таълифи китобҳои динӣ мепардозад. Муҳаққиқон асари «Китобу-л-ҷинос»-ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Аз осори Боҳилӣ то замони …

Муфассал »

БОХТАРӢ Восиф

images

БОХТАРӢ Восиф (таваллуд 1942, шаҳри Мазори Шариф), шоир ва адиби даризабони Афғонистон. Факултаи адабиёти Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст (1967). Дар Донишгоҳи Колумбияи ИМА дар соҳаи таълиму тарбия такмили дониш намудааст. Корманди Вазорати маорифи Афғонистон (1967—81), сармуҳаррири маҷаллаи «Жвандун» («Зиндагӣ»; 1981-96). Баъдан муддате дар Пешовари Покистон зиндагӣ карда, аз он ҷо …

Муфассал »

БОХТАРИҲО

baktriysi

БОХТАРИҲО, сокинони Бохтар, яке аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Бохтари Қадим, ки минтақаи шимоли Афғонистон, қисматҳои марказу ҷанубии Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистони кунуниро фаро мегирифт, зиндагӣ мекарданд. Маркази асосиашон шаҳри Балх буда, онҳо нахустин давлати аҳди қадими маҳаллӣ – давлати Каё­ниён ва тамаддуни қадимии Бохтару Марғушро бунёд гузоштаанд. …

Муфассал »

БОХТАРИЁН

bokhtariyon

БОХТАРИЁН, шаҳрак дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар. Аз Бохтариён то маркази ноҳия 10 километр, то марка­зи вилоят 5 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4691 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷи аграрӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, китобхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи бачагон, муассисаҳои хӯроки умумӣ, нуқтаҳои савдои …

Муфассал »