Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БРАЗЗАВИЛ

brazzaville

БРАЗЗАВИЛ, шаҳр, пойтахти Ҷумҳуриии Конго. Дар соҳили рости дарёи Конго ва поиноби он дар рӯбарӯи шаҳри Кин­шаса ҷойгир аст. Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2013). Масоҳаташ 100 км2, баландиаш аз сатҳи баҳр 230 метр. Браззавил бандари муҳимми дарёӣ аст, ки ба воси­таи он муомилоту бори Африқои Марказӣ ва Чад сурат мегирад. …

Муфассал »

БРАДИКАРДИЯ

bradikardiya

БРАДИКАРДИЯ (аз юнонӣ bradus – кам ва kardia – дил), як навъ иллати дил, ки басомади кашиши он дар як дақиқа аз 60 зарба кам аст. Брадикардия дар одамони солим ва варзишгарон низ ба мушоҳида мерасад. Инҳисори куллии дил бо басо­мади 40-30 зарбаи набз дар 1 дақиқа боиси осеби майна …

Муфассал »

БРАДЗОТ

bradzot

БРАДЗОТ (Норвегии brad – ногаҳон ва sott – касалӣ), касалии шадиди сироятии ҳайвонот. Асосан дар гусфандон падид меояд. Брадзотро бори аввал соли 1888 олими норвегӣ Нилсен тавсиф кардааст. Онро дар Австралия «касалии сиёҳ» ва «гепатити некрозӣ» меноманд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст соли 1929 олимон К. П. Ан­дреев дар …

Муфассал »

БРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович

braginsky_is

БРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович (18.06.1905, Боку 1989, Маскав), шарқшинос, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик ва адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои фило­логия (1954), профессор (1959), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1955). Хатмкар­даи шуъбаи Ҳиндуафғонии факултети иҷтимоӣ-сиёсии Донишкадаи шарқшиносии Маскав (1931). Брагинский ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи …

Муфассал »

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

braginskiy

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович (17.1.1926, шаҳри Киев – 31.8.1972, Гродно), терапевт, доктори илмҳои тиб (1965), профессор (1969). Хатмкардаи Институти тиббии шаҳри Киев (1947). Ходими ил­мии Институти тадқиқоти илмии ғизои Вазорати ҳифзи сиҳҳати Украина (1947-53), ассистент ва дотсенти кафедраи терапияи факултативии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1953-58), сартерапевти …

Муфассал »