Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЛЛОШОДӢ

deha

МУЛЛОШОДӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Ҳасанови pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Марказ то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 41 километр, то_ стансияи роҳи оҳан Хонақоҳ 3 километр, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1150 нафар. (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, …

Муфассал »

МУЛЛОНОЗЙ

navo

«МУЛЛОНОЗЙ» яке аз навоҳои (оҳангҳои) мақоми «Ҳиҷоз» аз силсилаи «Дувоздаҳмақом*. Дар қатори «Корсоз», «Рӯи Ироқ», «Ҳиҷози Ироқ» шуъбаи «Ҳисор»-и ин мақомро ташкил медиҳад. Оҳангҳои ин мақом то замони мо нарасидаанд, вале ба шакли пароканда дар мақоми (муғомӣ) «Шӯр»-и озарӣ вомехӯранд. А. Низомов.

Муфассал »

МУЛЛОНИЁЗМУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ

person

МУЛЛОНИЁЗМУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи асри 19 тоҷик. Мулло Ниёзмуҳаммади Xуҷандӣ бо асари таърихии худ «Таърихи Шохрухӣ» машҳур аст, ки онро солҳои 70 асри 19 навишта ба итмом расондааст. Ин асар яке аз сарчашмаҳои пурбаҳои таърихи хонии Хӯҷанд ва равобити он бо дигар давлатҳои Мовароуннаҳр мебошад. «Таърихи …

Муфассал »

МУЛЛОНАФАС Қодирбердӣ-ӯғлӣ

person

МУЛЛОНАФАС Қодирбердӣ-ӯғлӣ (тақрибан 1810, наздикии Сарахс, Эрон— 1862), шоир ва мусиқинавози туркман. Дар Мадраса хондааст. Муллонафас дар жанрҳои лирикаи ишқӣ ва гоҳо гражданӣ эҷод намудааст. Дар ашъори худ манзараҳои табиати диёрашро тасвир кардааст. Муаллифи девони лирикӣ ва достонҳои «Ман омадам», «Зӯҳро ва Тоҳир» (таҳрири нави адабии варианти халқии Тоҳup ва …

Муфассал »

МУЛЛОМУРТ Оллобердӣ Хоҷаниёз-ӯғлӣ

person

МУЛЛОМУРТ Оллобердӣ Хоҷаниёз-ӯғлӣ (1879—1930), шоири coветии туркман. Аз оилан камбағал. Яке аз асосгузорони назми советии турк­ман. Бо эҷодиёти классикони адабиёти форс-тоҷик ва туркман шинос буд. Дар шеърҳояш сохти навро тараннум кардааст («Болшевик», «Октябри бошараф», «Озодӣ» ва ғайра). Ба муқобпили хурофот мубориза бур­да («Қонуни нонавишти гузаштаи торик»), ба ҳимояи ҳуқуқи занон …

Муфассал »