Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУШК

ohu

МУШК моддаи бӯёест, ки дар ҳайвон ва растанӣ ҳосил мешавад. Мушк хосияти баланди атрӣ, инчунин таъсири шифоӣ дорад. Мушки ҳайвон, моддаи донадор ё равғанмонандест, ки ғадудҳои мушки ҷинси наринаи баъзе ҳайвонҳои ширхор (кабарға ё ғазол, оҳу, говмеш, мушобӣ, сагобӣ ва ғайра) ҷудо мекунад. Рангаш бӯр ва бӯи хоси тез дорад. …

Муфассал »

МУШИРӢ Фаридун

nophoto

МУШИРӢ Фаридун (таваллуд 1925, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Машҳад гирифта, муддате дар Вазорати почта ва телеграф кор кард. Сипас шӯъбаи журналистии Университети Теҳронро хатм намуда, мутасаддии кисмати адабии маҷаллаи «Равшанфикр» гардид. Ашъораш дар матбуоти даврагӣ аз ибтидои солҳои 50 нашр мешавад. Маҷмӯаҳояш бо унвонҳои «Ноёфта» (1955), …

Муфассал »

МУШАЪШАЪ

nophoto

МУШАЪШАЪ (арабӣ — шаъшаанок, шуоъдор, равшан; лақаби сайид Муҳаммад) (соли таваллуд номаълум — вафот 1465/66), роҳбари як ҷараёни шиа, асосгузори давлати хурде дар Хузистон. Худро дар ҷавонӣ саромади Маҳдӣ ва баъзан Маҳдӣ меномид. Соли 1440 (ё 1441) ба шӯриши чанде аз қабилаҳои араб дар ҷануби Ироқ роҳбарӣ кард. Ба шӯриш …

Муфассал »

МУШАКҲО

muskuli

МУШАКҲО, мускулаҳо, як навъи бофтаест, ки организм ва узвҳои алоҳидаи онро ба ҳаракат меоварад. Мушакҳо рах-рах ва суфта мешаванд. Ба Мушакҳои р а х-р а х қариб ҳамаи Мушакҳои устухонҳои скелет мансубанд. Онҳо ҳаракати бадан, кори дасту пой ва сутунмӯҳра, хоидану фурӯ бурдани хӯрок ва ғайраро таъмин менамоянд. Мушакҳои рах-рах …

Муфассал »

МУШ

mush

МУШ, мушмонандщо (Muri-dae), оилаи ҳайвони ширхӯр аз хояндаҳо. Мушмонандҳо қариб 165 намудро (мансуби 7 зероила) дар бар мегиранд, ки асосан дар Евросиё, Африка ва Австралия паҳн шудаанд. Муши хонагӣ (1) ва бешагӣ (2). Мушро ба Америкаи Шимолӣ ва Ҷануби одамон овардаанд. Дар Тоҷикистон аз мушмонандҳо ду намуди Муш ва се …

Муфассал »