Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШК

МУШК

ohuМУШК моддаи бӯёест, ки дар ҳайвон ва растанӣ ҳосил мешавад. Мушк хосияти баланди атрӣ, инчунин таъсири шифоӣ дорад. Мушки ҳайвон, моддаи донадор ё равғанмонандест, ки ғадудҳои мушки ҷинси наринаи баъзе ҳайвонҳои ширхор (кабарға ё ғазол, оҳу, говмеш, мушобӣ, сагобӣ ва ғайра) ҷудо мекунад. Рангаш бӯр ва бӯи хоси тез дорад. Асоси хӯшбӯии Мушки ҳайвон кетонҳои макросиклӣ (мускон, сибетон, дигидросибетон) ва асоси хушбуии Мушки растанӣ (растаниҳои мушкбез, масалан, мушкбед, мушкбӯй, мушки за-мин) лактонҳои макросиклӣ (тибетолид, амбреттолид ва ғайра) мебошанд. Ба таркиби Мушки ҳайвон инчунин сафеда, равған, холестерин ва намакҳои гуногун дохил мешаванд. Ҳайвон бо ёрии Мушк маҳалли зиндагиашро муайян мекунад ва ҳамҷинси худро мешиносад. Ҳайвони ширхори обӣ (мушобӣ, сагобӣ ва ғайра) бошад, барои ба об нағӯтидану тар нашудан ба мӯи ҳуд Мушк мемолад. Мушкро асосан дар атриёт истифода мебаранд ва аз қадим Мушки а з ф а р  ё Мушки н о б ва Мушки суда маъмуланд. Ҳоло дар саноати атриёт ба ҷои Мушки табиии гаронбаҳо ва камёфт бештар моддаҳои синтезии мушкбез (ксилолмушк, кетонмушк, фантолид, версалид, галаксолид ва ғайра)-ро истифода мебаранд. Дар замонҳои пеш Мушкро аз нофи кабарға ё ғазол (ҷирон) ҷудо карда, дар табобати касалиҳо ва ҳамчун хушбӯй истифода мебурданд. Масалан, «анбарина» ном навъи хушбӯй аз қадим дар Шарқ маъмул аст, ки аз Мушк, уд ва анбар тайёр мекунанд. Хушбӯии «абир» низ аз Мушк, заъфарон, сандалу гулоб иборат аст. Абӯалӣ Сино Мушкро доруи муқавии дил меҳисобид ва дар табобати иллати мағзи cap, чашм ва ғайра истифода мебурд. Мушк позаҳр аст. Аз рӯи маъхазҳои қадима Мушк захм ва ҷароҳатро табоҳ мекунад. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …