Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУШИРӢ Фаридун

МУШИРӢ Фаридун

nophotoМУШИРӢ Фаридун (таваллуд 1925, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Машҳад гирифта, муддате дар Вазорати почта ва телеграф кор кард. Сипас шӯъбаи журналистии Университети Теҳронро хатм намуда, мутасаддии кисмати адабии маҷаллаи «Равшанфикр» гардид. Ашъораш дар матбуоти даврагӣ аз ибтидои солҳои 50 нашр мешавад. Маҷмӯаҳояш бо унвонҳои «Ноёфта» (1955), «Гуноҳи дарё» (1956), «Абр» (1961), «Абр ва кӯча» (1966), «Баҳорро бовар кун» (1968), «Парвоз ба хуршед» (1968) ба табъ расидаанд. Шеърҳои солҳои 50-уми Муширӣ бештар эътирози рӯйрости шоирро нисбат ба нобаробариҳои иҷтимоӣ дар бар гирифта, рӯҳияи зиёиёни пешқадами Эронро дар давраи авҷи ҳаракати демократӣ ва зиддиимпериалистӣ (ибтидои солҳои 50) инъикос менамоянд. Дар эҷодиёти солҳои 60—70-уми Муширӣ мавзӯъҳои лирикӣ ва фалсафӣ мақоми махсус доранд. «Ғубори обӣ» ном шеъри Муширӣ ба нахустин парвози инсон (Юрий Aлексеевич Гагарин) ба фазои коинот бахшида шудааст.

Муширӣ яке аз намояндагони барҷастаи ҷараёни “шеъри нав” дар Эрон ба ҳисоб рафта, аз пайравони Нимо Юшиҷ мебошад. Ашъораш дар қолабҳои арӯзӣ озод, шеъри сафед, шеъри мансур ва шаклдои анъана-вй — ғазал, қитъа, дубайтӣ ва ғайра гуфта шудаанд.

Адабиёт: Кляшторина В. В., Современная персидская поэзия, Москва, 1962. А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …