Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУШОИРА

mushoira

МУШОИРА, м у ш о а р а (арабӣ — мусобиқаи шоирон дар шеъргӯӣ), қувваозмоӣ дар маҳорати шоирӣ, ки байни ду ё чанд шоир воқеъ мешавад. Мушоира дар адабиёти тореволютсионии тоҷик ривоҷ дошт. Чунончи, Мушоираи Дақиқию Фирдавсию Унсурию Асҷадӣ, Салмони Соваҷию Убайди Зоконӣ, Масъуди Саъди Салмону Рашидии Самарқандӣ, Асируддини Ах-секатию …

Муфассал »

МУШОВАРАИ ЛОНДОН

img5

МУШОВАРАИ ЛОНДОН, гуфтушуниди махфии намояндагони доираҳои ҳукмрони Британияи Кабир ва Германияи фашистӣ (нюн—августи 1939). Мақсади Мушоварат Лондон созиши ҳукуматҳои Англия ва Германия аз рӯи масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ буд. Таклифҳои Англия манфиати Германияро дар Шарқ ва ҷануби шарқи Европа, комилҳуқуқии Англияро дар мустамликаҳояш пешбинӣ мекард. Пешбинӣ шуда буд, ки онд …

Муфассал »

МУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ

mushovarai-istehsoli

МУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ (аз арабӣ — машварат бо ҳамдигар ва истеҳсолот), м а ҷ л и с и машваратии доимии истеҳсолӣ (ММДИ), дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР яке аз шаклҳои демократияи сотсиалистӣ, назорати ҷамъиятӣ ва қалб намудани оммаи меҳнаткашон ба корҳои роҳбарии истеҳсолот. Аз соли 1958 вуҷуд дорад. Низомномаи Мушовараи …

Муфассал »

МУШМУЛА

mushmula

МУШМУЛА, 1) Машмулаи м у қ а р р а р ӣ ё германӣ, азғул (Mes-pilus germanica), бутта ё дарахти хазонрезест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5—6 метр. Буттаи худрӯи Мушмула серхор, навъҳои мазрӯи он бехоранд; барги нештар ё байзашакл, гули калони сафед (диаметраш 3—5сантиметр),меваи гирдаи донакшакл дорад. Мушмулаи худрӯй дар …

Муфассал »

МУШКМОЛӢ

barbadpahlbod

«МУШКМОЛӢ» 1) суруди мавсимӣ-маросимии қадим, аз тасни-фоти Борбади Марвӣ. 2) Оҳанги бисту чорум аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 3) Шуъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом». А. Раҷабов.

Муфассал »