Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУҲАММАДҚОСИМИ ШОДИШОҲ

nophoto

МУҲАММАДҚОСИМИ ШОДИШОҲ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Хаташ беназир будааст ва ба гуфтаи муаллифи «Райҳони настаълик» ин ҳунар (санъати хаттотӣ) бо вай хатм аст. Муҳаммадқосими Шодишоҳ аз хушнависон Султон– муҳаммади Нур ва Султонмуҳаммади Хандон санъати хаттотӣ омӯхтааст. Аз намунаи ҳунари ӯ як нусха «Де­вон» и Хоҷа …

Муфассал »

МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ

nophoto

МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ  (соли таваллуд ва Вафоташ номаълум), ҳофиз, бастакор, машшоқи асри  16. Зодгоҳаш Тун (Хуросон), дар Широт фавтидааст. Дар Исфаҳон таҳсил карда, илмҳои бадеъ, қофия, ахлоқ, фалсафа, риёзиётро омӯхтаст. Ӯ овози баланд ва форам дошта, сурудҳои ахлоқӣ, ирфонӣ, фалсафиро ба дараҷаи устодӣ месурудааст. Дар марсияхонӣ устоди ягонаи замон будааст. …

Муфассал »

МУҲАММАДӢ

nophoto

МУҲАММАДӢ     (таваллудаш   байни солҳои 1508—1510—вафоташ номаълум), мусаввир ва минётурнигори асри 16. Аслан аз Табрез. Писари Султонмуҳаммади Табрезӣ. Санъати минётурнигориро аз падараш, ки яке аз намояндагони Мактаби минётури Табрез ва яке аз ҳунармандони китобхонаи дарбор буд, омӯхта, асарҳои аввалинашро дар пайравии ӯ эҷод кардааст. Яке аз минётурҳои аввалиии Муҳаммадӣ портрети шоҳзода …

Муфассал »

МУҲАММАДЮСУФ

nophoto

МУҲАММАДЮСУФ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор ва наққоши асри 14 форс-тоҷик. Аслан аз Табрез. Дар ороиш, нақшунигор ва кошикории як қатор ёдгоридои меъмории Шаҳрисабз иштирок кардааст. Дар сохтани Оқсароӣ (охири асри 14) ширкат дошта, алалхусус пештоқи бошукӯҳи онро бо нақшунигор ва кошишои беназир оро додааст. Ном ва санаи иморати …

Муфассал »

МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ

nophoto

МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ  (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), мутахаллис ба Шафеъо ва маъруф ба Пешво. Хаттоти асри 16. Зодго­ҳаш деҳаи Убаҳи музофоти Ҳирот.  Дар навиштани настаълиқ ва шикас­та устод будааст. Муҳаммадшафёъи Ҳиравӣ дар хати шикаста шогирди Мирзо Фасеҳии Ансорист ва дар ин хат ислоҳот ва навигарӣ дохил кардааст. Аксари устодон хати …

Муфассал »