Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ

МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ

nophotoМУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ  (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), мутахаллис ба Шафеъо ва маъруф ба Пешво. Хаттоти асри 16. Зодго­ҳаш деҳаи Убаҳи музофоти Ҳирот.  Дар навиштани настаълиқ ва шикас­та устод будааст. Муҳаммадшафёъи Ҳиравӣ дар хати шикаста шогирди Мирзо Фасеҳии Ансорист ва дар ин хат ислоҳот ва навигарӣ дохил кардааст. Аксари устодон хати шикастаро хати шафеъоӣ номидаанд. Аз намунаи осори хаттии Муҳаммадшафёъи Ҳиравӣ лавҳи мазори Мир Хасанҷони Убадӣ (падари хаттот) ба хатти настаълики зебо дар Убад мавҷуд аст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …