Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ  (соли  таваллудаш номаълум — вафоташ 1578, Қазвин), хушнавис ва донишманди форс-тоҷик. Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф}) Алиризои Аббосӣ …

Муфассал »

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи асри 17. Шогирди Миралии Хаттот. Аз овони ҷавонӣ ба нигоришу хушнависӣ, ҳалкорию лаввоҳӣ шуғл дошта, дар айни ҳол санъати наққоширо аз Мирзоалии Мусаввир ва Мираки Исфаҳонӣ омӯхт. Баъ­ди камолоти ҳунар ба Табрез рафта, дар он ҷо девонҳои Саъдӣ, …

Муфассал »

МУҲАММАДҲОШИМ

nophoto

МУҲАММАДҲОШИМ   оил. Мавлоно (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1564, Лоҳур), шоири форсизабони Ҳиндустон. Доир ба зиндагӣ ва эҷодиёти ӯ маълумоти кофӣ нест. Вай шоири ғазалсаро буда, дар ҷавонӣ гоҳе «Самоӣ» ва гоҳе «Вофӣ», дар поёни зиндагиаш «Ҳошим» тахаллус кардааст. Ашъори парокандаи ӯ дар баёзу сарчашмаҳои адаби ба назар мерасанл. Мавзӯи …

Муфассал »

МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР

nophoto

МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва           вафоташ номаълум), наққош, хаттоти охири асри 15 — аввали асри 16. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Табрезу Исфаҳон умр ба сар бурдааст. Шогирди Камолуддин Беҳзод. Дар нигориши мусаввараҳои манзаравӣ, сураткашӣ, сиёҳқаламӣ ва хушнависӣ ҳампояи устодаш буд. Муҳаммадҳайдари  Мусаввир дар Табрез як силсила минётурҳо эҷод кардааст, ки …

Муфассал »

МУҲАММАДҲАЙДАР

nophoto

МУҲАММАДҲАЙДАР (1409—1551), муаррих, ходими дав­латии Муғул ва Туркистони Шарқӣ, набораи хони ҷағатой Юнус, писархолаи Бобур. Бобур ӯро Мирзоҳайдар номидааст. Муҳаммадҳайдар муаллифи асари таърихии «Таърихи Рашидӣ» (1541— 1547) мебошад, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Ин асар ба таърихи ҳокимони Муғул ва амирони Қошғар бахшида шудааст. Инчунин дар бораи аҷдоди ӯзбекҳо …

Муфассал »