Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАВҶБАР

МАВҶБАР, канали ҳудудҳояш аниқ, ки аз он мавҷ мегузарад. Ҳамчун Мавҷбар барои мавҷҳои садо гулба, мила ё сим; барои мавҷҳои электромагнитии баландбасомад гулбаи металлии буриши кундалангиаш гуногун ё милаҳои диэлектрӣ, барои рӯшноӣ найчаҳои цилиндрӣ ва конусӣ; барои мавҷҳои зилзила қабатҳои болоии Замин хизмат мекунанд.

Муфассал »

МАДАГАСКАР

madagasskar-res

МАДАГАСКАР, Республикаи Демократии Мадагаскар, давлат дар қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд. Дар назди соҳили ҷанубӣ шарқии Африка, дар ҷазираи Мадагаскар ва чазираҳои хурди ба он ҳамшафат воқеъ аст. Онро аз материк гул. Мозамбик ҷудо мекунад. Масоҳаташ 596 ҳазор им9. Аҳолиаш 9 млн нафар (1979). Пойтахташ Антананариву. Мамлакат ба 6 музофот тақсим …

Муфассал »

МАДАГАСКАР

madagaskar

МАДАГАСКАР (Madagascar), ҷазира дар уқёнуси Ҳинд. Тақрибан 400 км шарқтар аз қитъаи Африка воқеъ аст. Масоҳати 590 хазор км2. Тӯлаш қариб 1600 км, бараш бештар аз 600 км. Дар бораи табиат ва хоҷагии чазира ниг. Республикаи Демократии Мадагаскар.

Муфассал »

МАГНОЛИЯ

magnolia

МАГНОЛИЯ (Magnolia grandifloга), дарахти ҳамешасабзест аз оилац Magnoliaceae. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12—25 см, бараш 4—12 см), гули сап-сафеди калони хӯшбӯй (диаметраш 10—22 см), баргмеваи ҷалғузашакл (дарозиаш то 12 см» бараш то в см), тухми лубиёшакл (дар ҳар як мевабарга 1— 2-той, вазни 1000-тоаш қариб …

Муфассал »

МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА

magnitudai-zilzila

МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА (лот. magnitudo — бузургӣ аз magnus — калон), бузургии шартиест, ки энергияи умумии лаппишҳои чандирӣ ҳангоми зилзила ё таркиш бавуҷудояндаро тавсиф медиҳад. Магнитудаи зилзила ба логарифми энергияи лаппиш мутаносиб аст. Одатан бо бузургии калонтарини нисбати амплитуда бар даври лаппишҳое, ки сейсмограф сабт мекунад, муайян карда мешавад. Магнитудаи зилзила …

Муфассал »